Комроншоҳи Устопириён ба рақобат мепардозад

Имрӯз, 10 август дар даври аввали мусобиқоти дзюдои Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро гуштигири ҷавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён ба рақобат шурӯъ мекунад. Рақиби нахустини ӯ варзишгари маъруфи Гурҷистон Варлам Липартелиани мебошад. Комроншоҳи Устопириён бори нахуст дар Бозиҳои олимпӣ ширкат варзида, ният дорад, ки ба комёбӣ дар ин мусобиқа ноил гардад. Қувваозмоии Комроншоҳ ва Варлам дар Олимпиадаи […]



Имрӯз, 10 август дар даври аввали мусобиқоти дзюдои Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро гуштигири ҷавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён ба рақобат шурӯъ мекунад. Рақиби нахустини ӯ варзишгари маъруфи Гурҷистон Варлам Липартелиани мебошад.

Комроншоҳи Устопириён бори нахуст дар Бозиҳои олимпӣ ширкат варзида, ният дорад, ки ба комёбӣ дар ин мусобиқа ноил гардад. Қувваозмоии Комроншоҳ ва Варлам дар Олимпиадаи Рио имрӯз соати 10-и рӯз ба вақти маҳаллӣ (соати 18-00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Варлам Липартелиани гуштигири маъруф ва соҳибтаҷриба буда, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон соли 2015 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ба гирифтани медали биринҷӣ дар вазни то 90 кило шарафёб гардид. Ӯ ҳамчунин чемпиони ҳафткаратаи Аврупо буда, чандин маротиба дар мусобиқаҳои Гран-при ва Grand Slam ғолиб шудааст. Дар рейтинги дзюдочиёни беҳтарини ҷаҳон зинаи сеюмро ишғол мекунад.

Комроншоҳи Устопириён нахустин варзишгари тоҷик аст, ки ба унвони чемпиони Осиё соҳиб шудааст. Дар мусобиқоти чемпионати Осиё соли 2016 дар Тошканд ӯ дар вазни то 90 кило бар ҳамаи ҳарифонаш дастболо шуда, медали тиллои мусобиқотро ба даст овард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.