Ёқуб Салимов дар Олмон табобат мегирад

Ёқуб Салимови 60-сола, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон барои муолиҷа ба Олмон рафтааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз сарчашмаҳои боэътимоди наздик ба оилаи Ё.Салимов хабар доданд. Бино ба гуфтаи манбаъ, пас аз анҷоми як давраи муолиҷа Ёқуб Салимов ба Душанбе бармегардад. Дар ҳамин ҳол, Абӯбакр, писари Ёқуб Салимов дар суҳбати телефонӣ ба савол дар […]



Ёқуб Салимови 60-сола, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон барои муолиҷа ба Олмон рафтааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз сарчашмаҳои боэътимоди наздик ба оилаи Ё.Салимов хабар доданд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, пас аз анҷоми як давраи муолиҷа Ёқуб Салимов ба Душанбе бармегардад.

Дар ҳамин ҳол, Абӯбакр, писари Ёқуб Салимов дар суҳбати телефонӣ ба савол дар бораи дарвоқеъ ҳам ба хориҷи кишвар сафар кардани падараш посух дод, ки: «Айни замон ӯ дар Тоҷикистон қарор надошта, ба кайҳон парвоз кардааст».

Ёдрас мекунем, ки пас аз ба озодӣ баромадан Ёқуб Салимов

дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс»

изҳор намуда буд, ки худро хуб ҳис карда, вазъи солимиаш қаноатбахш аст ва шикоят кард, ки танҳо биноии чашмонаш бад шудаанд.

Ёқуб Салимов рӯзи 21 июни соли 2016

ба озодӣ баромад.

Ӯ 13 солро дар маҳбас паси сар кард. Соли 1997 Ёқуб Салимов ба кӯшиши анҷом додани табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ айбдор шуда, кишварро тарк кард, аммо соли 2003 дар Русия боздошт ва баъди чанде ба Душанбе истирдод карда шуд.

Мурофиаи судии пӯшида нисбати Ёқуб Салимов 5 моҳ идома ёфта, 24 апрели соли 2005 Суди олӣ ӯро ба 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Ӯ ба хиёнат ба ватан дар шакли суиқасд бо мақсади ғасби ҳокимият, бандитизм, суистифода аз мақоми хизматӣ айбдор дониста шуда, бо қарори суд аз ҳамаи рутбаҳои ҳарбӣ ва мукофотҳои давлатӣ маҳрум карда шуд.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1992-1993) Ёқуб Салимов фармондеҳи яке аз отрядҳои Фронти халқӣ буд. Пас аз оштишавӣ моҳи декабри соли 1993 вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъкин шуд. Соли 1995 аз ин мансаб барканор шуда, ба ҳайси сафир ба Туркия фиристода шуд, ки дар он ҷо беш аз як сол фаъолият дошт. Пас аз бозгашт ба Душанбе то соли 1997 ӯ ба Кумитаи гумруки ҷумҳурӣ роҳбарӣ мекард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.