Вазорати нақлиёт зиёни молиявӣ дар корҳои бозсозии нақби «Истиқлол»-ро рад мекунад

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон маълумоти Палатаи ҳисоб оид ба аз ҷониби ин мақомот ошкор шудани зиёни молиявӣ дар ҳаҷми 4 млн. 13 ҳазор сомониро зимни санҷиши корҳои сохтмон дар нақби «Истиқлол» дар давраи аз 1 августи соли 2014 то 1 июни соли 2016 рад мекунад. Сардори идораи Мудирияти корхонаҳои сохташудаистодаи Вазорати нақлиёти ҶТ Абдулмаҷид Шарифов ба […]



Вазорати нақлиёти Тоҷикистон маълумоти Палатаи ҳисоб оид ба аз ҷониби ин мақомот ошкор шудани зиёни молиявӣ дар ҳаҷми 4 млн. 13 ҳазор сомониро зимни санҷиши корҳои сохтмон дар нақби «Истиқлол» дар давраи аз 1 августи соли 2014 то 1 июни соли 2016 рад мекунад.

Сардори идораи Мудирияти корхонаҳои сохташудаистодаи Вазорати нақлиёти ҶТ Абдулмаҷид Шарифов ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки ин маълумот нодуруст буда, дар санади аз ҷониби Палатаи ҳисоб тартибдодашуда аз рӯи натиҷаҳои санҷиш, ки бо тамоми имзоҳо дар шуъбаи муҳосиботи корхона нигаҳдорӣ мешавад, дар бораи зиёни молиявӣ ва он ҳам бо ин миқдори зиёд чизе гуфта нашудааст.

А.Шарифов қайд кард, ки соли 2003 лоиҳаи нақб бо иштибоҳҳо таҳия гардида, солҳои 2006-2012 аз рӯи ин лоиҳа корҳо ба иҷро расонида шудаанд.

«Барои обпартои нақб соли 2006 қубурҳои асбесту сементӣ гузошта шуда, то соли 2012 об тариқи нақби нақлиётӣ ҷорӣ мешуд ва ба ҳаракати нақлиёт мушкилӣ эҷод мекард. Соли 2014 қубурҳо бо канали обпартои масофааш 1627 метр иваз шуда, ҷоришавии об дар нақби нақлиётӣ аз байн бурда шуд ва шояд Палатаи ҳисоб ҳамон воситаҳои сарфшуда аввал барои насби қубурҳо ва сипас ивази онҳо соли 2014 ба канали обпарторо дар назар дошта бошад», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки зимни нишасти хабарии рӯзи 5 август раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода

изҳор намуд

, ки дар ҷараёни санҷиши корҳои бозсозии нақби «Истиқлол» аудиторони палата дар ҳаҷми 4 млн. 13 ҳазор сомонӣ зиёни молиявӣ ошкор намудаанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.