Тасдиқи номзадии Абдулло Орипов ба мансаби нахуствазири Ӯзбекистон

Дар ҷаласаи ҳарду палатаи парлумони Ӯзбекистон рӯзи 14 декабр номзадии Абдулло Орипов ба мансаби нахуствазири ин кишвар тасдиқ карда шуд. Бино ба иттилои Uzdaily.Uz, ӯро ба вакилон президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев муаррифӣ кардааст. Дар навбати худ Абдулло Орипов вакилонро бо барномаи кории дарозмуддат ва кӯтоҳмуддати худ шинос кардааст. Қобили зикр аст, ки номзадии Абдулло Орипов […]

Asia-Plus

Дар ҷаласаи ҳарду палатаи парлумони Ӯзбекистон рӯзи 14 декабр номзадии Абдулло Орипов ба мансаби нахуствазири ин кишвар тасдиқ карда шуд.

Бино ба иттилои Uzdaily.Uz, ӯро ба вакилон президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев муаррифӣ кардааст. Дар навбати худ Абдулло Орипов вакилонро бо барномаи кории дарозмуддат ва кӯтоҳмуддати худ шинос кардааст.

Қобили зикр аст, ки номзадии Абдулло Орипов ба ин мансабро Шӯрои сиёсии Ҳаракати соҳибкорон ва тоҷирон – Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон пешбарӣ карда буд.

Абдулло Орипови 55-сола муддати 10 сол – аз соли 2002 то соли 2012 ба ҳайси муовини нахуствазири Ӯзбекистон кор кардааст. Тирамоҳи соли 2012 Прокуратураи генералии Ӯзбекистон нисбати ӯ дар робита ба ғайриқонунӣ иҷозатнома додан ба насби мавҷафканҳои иловагӣ барои эҳтиёҷоти ширкати «Ӯздунробита» (тамғаи «МТС-Ӯзбекистон») парвандаи ҷиноӣ боз намуда, вале тафтишоти ин қазия бо чӣ анҷомид, маълум нест.

Санаи 22 августи соли 2012 Орипов аз мансаби роҳбари ниҳод оид ба масоили низомҳои итиилоотӣ ва телекоммуникатсия сабукдӯш шуда, ному насаби ӯ аз сомонаи ҳукумат хориҷ шуд. Баъди чанд ҳафтаи даргузашти Ислом Каримов (нахустин президенти Ӯзбекистон, 2 сентябр) иҷрокунандаи вазифаи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ӯро ба ҳайати ҳукумат баргардонида, ба вазифаи муовини нахуствазир, роҳбари ниҳод оид ба масоили сиёсати ҷавонон, фарҳанг, низомҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсия таъин кард.

Абдулло Орипов санаи 24 майи соли 1961 таваллуд шуда, миллаташ ӯзбек аст. Соли 1983 Донишкадаи электротехникии алоқаи Тошкандро хатм кардааст, номзади илмҳои иқтисодӣ. Оиладор, соҳиби панҷ духтар. Бо орденҳои «Дӯстлик» ва «Меҳнат шуҳрати» мукофотонида шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...