Афзоиши фоизҳои бонкии низоми федералии захиравии ИМА

Низоми федералии захиравии ИМА бори нахуст дар соли 2016 ҳаҷми фоизи маблағҳои қарзии федералиро аз 0,25-0,5 то 0,5-0,75 дарсади солона боло бурдааст. Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба маълумоти Reuters, сабаби ин иқдом коҳиши сатҳи бекорӣ дар ИМА ва афзоиши таваррум гуфта мешавад, ки ба интизориҳои шумори зиёди иқтисодшиносон ва иштирокдорони бозор […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Низоми федералии захиравии ИМА бори нахуст дар соли 2016 ҳаҷми фоизи маблағҳои қарзии федералиро аз 0,25-0,5 то 0,5-0,75 дарсади солона боло бурдааст.

Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба маълумоти Reuters, сабаби ин иқдом коҳиши сатҳи бекорӣ дар ИМА ва афзоиши таваррум гуфта мешавад, ки ба интизориҳои шумори зиёди иқтисодшиносон ва иштирокдорони бозор рост омадааст.

Гуфта мешавад, ин ниҳод ҳамчунин 3 ҷаҳиши умдаи фоизҳоро дар соли 2017 пешбинӣ мекунад, на ду ҷаҳиш ки пештар интизор мерафт. Ҳаҷми пешини фоизи бонкӣ аз моҳи декабри соли 2015 ба ин сӯ нигаҳ дошта мешуд. Он замон ҳаҷми фоизи бонкиро тайи 9 сол бори нахуст соли 2006 боло бурда буданд.

Ба гуфтаи бархе коршиносон, болоравии фоизҳои бонкӣ ба коҳиши нархи нафт ва беқурбшавии рубл дар ояндаи миёнамуҳлат сабаб хоҳад шуд. Баъди эълони ин тасмими Низоми федеролии захиравии ИМА арзиши доллар дар биржаи Москва 1,7% боло рафтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...