Дар ҳолати гум шудани шартномаи қарзӣ чӣ бояд кард?

Маводи шарикӣ

Дар мавзӯи гузашта мо дар бораи аз тарафи банкомат баста шудани корти пардохтӣ ва чораҳое ки бояд андешид, гуфтем. Имрӯз мо доир ба гум шудани шартномаи қарзӣ ва дар ин ҳолат чӣ бояд кард, сухан меронем.

Ҳафтаи гузашта мо мавзӯи мусодира шудани корти бонкиро аз тарафи банкомат таҳлил намуда, имрӯз вазъияти дигари  муҳим – гум шудани шартномаи қарзиро дида мебароем. Гум шудани шартнома чӣ таҳдидҳо дорад,  шартҳои қарзро, дар ҳолати  гум шудани ҳуҷҷат, чӣ хел пайдо кунем ва барои барқарор намудани ин ҳуҷҷат чӣ чораҳо дида мешаванд. Доир ба ин ба Шумо менеҷери минтақавии “Спитамен Бонк” Одинаев Хуршед маълумот медиҳад.

Сабабҳои гум шудани шартномаи қарзӣ гуногун буда метавонанд: аз як ҷо ба ҷои дигар кӯчидан, таъмири хона, тасодуфан дар нақлиёт фаромӯш кардан, дар  кўча аз ҷузвдон афтонидан.

Гум шудани шартнома чӣ таҳдидҳо дорад?

Агар қарзгиранда ба наздикӣ қарз гирифта бошад, шояд ӯ санаи пардохт ё маблағи қарзро дар хотир надошта бошад, ки ин ҳол ба таърихи қарзӣ зарар расонда ё фоизи иловагӣ барои таъхир ба қарз замм мешавад. Илова бар ин, агар ташкилоте, ки Шумо аз он қарз гирифтаед,  ягон шароити муқаррарнамудаи шартномаро иҷро накунад, шикоят карда  наметавонед, чунки шартномаро гум кардаед.

Шартҳои пардохти қарзро дар ҳолати гум шудани шартнома аз куҷо дарёфт кардан мумкин аст?

Дар ҳолати гум шудани шартномаи қарзӣ Шумо бояд фавран бо коршиноси қарзии бонк тамос гиред. Маблағ ва санаи пардохти фоизҳоро муайян кунед. Ба бонк ҳар чӣ зудтар муроҷиат кунед.

Чӣ тавр  шартномаи қарзиро барқарор намоем?

Раванди барқарор намудани шартномаи қарзиро зудтар пеш баред. Инчунин бояд дар хотир дошт, ки  шартномаи қарзӣ, ба мисли ҳамаи ҳуҷҷатҳои бонкӣ – дар ду нусха омода шуда, як нусхаи он дар бонк нигоҳ дошта мешавад. Дар шартнома на танҳо матн, балки имзои роҳбари бонк ва мӯҳр бояд бошад. Аз ин рӯ, дубликати ҳуҷҷат, дар ҳолати муроҷиат кардан, дар муддати то даҳ рӯз дода мешавад. Диққат диҳед, дар сурати такроран додани нусхаи шартномаи қарзӣ, бонк ҳуқуқи талаб кардани пардохти комиссиониро дорад.

Қарзгиранда бояд шартномаи қарзӣ, квитансияҳои пардохти қарз, инчунин маълумотнома оид ба қарздор набуданро дар давоми се сол пас аз пардохти пурраи қарз нигоҳ дорад.

Дар мавзӯи оянда мо дар бораи ҳолати фаромӯш кардани Пин-коди корти пардохтӣ сухан меронем.

Маводҳои рубрикаи “Саводнокии молиявӣ” дар доираи созишномаи ҳамкории муштараки ҶСП “Спитамен Бонк” ва  ҶДММ Агентии Иттиллоотии “Азия-плюс” дар соҳаи баландбардории маълумотнокии молиявии аҳолӣ омода шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...