Дар рейтинги нави ФИФА Тоҷикистон 2 зина боло рафт

Дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки санаи 22 декабр ба нашр расид, мунтахаби футболи Тоҷикистон  2 зина боло рафта, акнун бо 231 имтиёз зинаи 129-умро ишғол мекунад. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), миёни 46 дастаи мунтахаби Конфедератсияи футболи Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 19-ум қарор дорад. Дар байни […]

Asia-Plus

Дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки санаи 22 декабр ба нашр расид, мунтахаби футболи Тоҷикистон  2 зина боло рафта, акнун бо 231 имтиёз зинаи 129-умро ишғол мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), миёни 46 дастаи мунтахаби Конфедератсияи футболи Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 19-ум қарор дорад. Дар байни кишварҳои қораи Осиё зинаи аввалро – Эрон, мақоми 2-юмро – Кореяи Ҷанубӣ ва ҷои 3-юмро – Ҷопон ишғол кардаанд. Зинаҳои аввали рейтингро мунтахабҳои Аргентина, Бразилия ва Олмон касб кардаанд.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.