Душанбе парвозҳои «Уралские авиалинии» ба Тоҷикистонро боздоштанист

Asia-Plus

Дар посух ба манъи парвози ҳавопаймоҳои ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр» ба минтақаҳои Русия, Душанбе парвози ҳавопаймоҳои ширкати русиягии «Уралские авиалиинии»-ро ба Тоҷикистон аз чор шаҳри Русия бозмедорад.

Сардори департаменти авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов, ки айни замон дар гуфтушунидҳо дар Маскав ҳузур дорад, тариқи телефон иброз дошт, ки «дар ҷавоб мо чор парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Уралские авиалинии» ба Душанбе аз шаҳрҳои Краснодару Уфа ва Челябинску Красноярскро мутаваққиф месозем».

Дар намояндагии ширкати «Уралские авиалинии» дар Душанбе ин маълумотро тасдиқ намуда, зикр карданд, ки алҳол онҳоро ғайрирасмӣ огоҳ кардаанд, ки як қисмате аз хатсайрҳо нимаи дуюми рӯз баста мешаванд.

«Ин ба хатсайрҳои самти Маскаву Санкт-Петербург дахл надорад. Дар ин бора моро алҳол расман огоҳ накардаанд. Ҳамааш ба натиҷаҳои гуфтушунидҳои дар Маскав идомадошта вобаста аст», – гуфтанд дар намояндагии ширкат.

Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди рӯзи аввал дар масъалаи парвози ҳавопаймоҳои ширкати русиягии «Ямал» ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи Жуковский тавофуқ ҳосил нашуд.

Хабаргузории РБК дар ин робита менависад, дар посух Русия аз 23 декабр ба ҷуз шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург, парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр» ба минтақаҳои Русияро манъ кард.

– Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз тасмими ҷониби Русия оид ба боздошти парвози ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» ба шаҳрҳои Русия огоҳ карда шуда, умедвор аст, ки гуфтушунидҳо доир ба ин масъала идома меёбанд, – хабар медиҳад имрӯз, 23 декабр РИА Новости.

Дар ҳамин ҳол, вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода ба РИА Новости гуфтааст, «ҳайати мо то субҳи рӯзи ҷумъа танаффус гирифт, то ки ба гуфтушунидҳо бо ҷониби Русия доир ба ҳалли ин масъала идома бидиҳад». Шералӣ Ганҷалзода изҳори умедворӣ кардааст, ки дар ҳалли ин масъала дар ниҳояти кор ҷонибҳо ба созиши барои ҳарду тараф қобили қабул мерасанд.

Тибқи маълумоти сомонаи «Сомон Эйр», айни замон ин ширкат ба шаҳрҳои Маскав – ҳамарӯза, Санкт-Петербург – 4 маротиба дар 1 ҳафта, Сочи – 1 маротиба дар 1 ҳафта, Оренбург – 2 маротиба дар 1 ҳафта, Новосибирск – 1 маротиба дар 1 ҳафта ва ҳамчунин дигар минтақаҳои Русия парвозҳо анҷом медиҳад. Субҳи имрӯз низ ҳавопаймои «Сомон Эйр» ба самти Маскав раҳсипор шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...