Думаи давлатии Русия қонуни «авф»-и муҳоҷиронро қабул кард

Думаи давлатии Русия рӯзи 22 декабр қонун дар бораи сабуктар шудани ҷазо барои муҳоҷирони ҷиноятҳои маъмурӣ содиркардаро қабул намуд, ки он ба шаҳрвандони бори нахуст қонунгузории муҳоҷиратро риоянакарда дар қаламрави шаҳру вилояти Маскав ва Санкт-Петербургу вилояти Ленинград дахл дорад. Бино ба маълумоти РИА Новости, дар лоиҳаи қонун бекор намудани ихроҷи ҳатмии муҳоҷири қонуншикан аз кишвар […]

Asia-Plus

Думаи давлатии Русия рӯзи 22 декабр қонун дар бораи сабуктар шудани ҷазо барои муҳоҷирони ҷиноятҳои маъмурӣ содиркардаро қабул намуд, ки он ба шаҳрвандони бори нахуст қонунгузории муҳоҷиратро риоянакарда дар қаламрави шаҳру вилояти Маскав ва Санкт-Петербургу вилояти Ленинград дахл дорад.

Бино ба маълумоти РИА Новости, дар лоиҳаи қонун бекор намудани ихроҷи ҳатмии муҳоҷири қонуншикан аз кишвар ва ба дӯши суд вогузор шудани баррасии қисмате аз ин масоил ва боқӣ гузоштани ҷарима дар ҳаҷми 7 ҳазор рубл пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ба моддаи ин кодекс илова шудани муқаррароте пешниҳод мешавад, ки мувофиқи он дар сурати такроран аз ҷониби муҳоҷир вайрон шудани қонунгузорӣ дар ин минтақаҳо ихроҷӣ ӯ ҳатмӣ мешавад.

Хабаргузории SPUTNIK Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки қаблан дар ВКД Русия эътироф карда буданд, ки барои хориҷ кардани ҳамаи муҳоҷирони ғайриқонунӣ воситаҳои пулӣ кифоя нест. Вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев изҳор дошта буд, ки бо 100 млн. рубли бо ин мақсад ҷудошуда аз 4,4 ҳазор нафари хориҷиён ихроҷи ҳамагӣ 1,6 ҳазор нафар муяссар шудааст.

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко дар ин робита пешниҳод намудааст, ки уҳдадориҳои ихроҷи муҳоҷирон ба дӯши минтақаҳо вогузор гардида, ба муҳлати нигаҳдории муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар қабулгоҳҳои махсус низ маҳдудият ҷорӣ карда шавад.

Коршиносон бар ин назаранд, ки ба дӯши минтақаҳо вогузор шудани ваколатҳои ихроҷи муҳоҷирон онҳоро водор месозад, ки дар ин масъала бештар масъулият ҳис карда, ҳуҷҷатҳои муҳоҷиронро беҳтар назорату пайгирӣ намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.