Ҳайати Ӯзбекистон як рӯз дертар ба Душанбе меояд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сафари имрӯз пешбинишудаи ҳайати ҳукумати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини нахуствазири ин кишвар Рустам Азимов ба Душанбе ба пагоҳ, 27 сентябр мавқуф гузошта шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, аз эҳтимол дур нест, ки таъхири сафари ҳайати ҳукумати кишвари ҳамсоя ба дар ҷумҳурӣ ҳузур надоштани сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон марбут аст. Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори иҷлосияи Шӯроии СААД дар шаҳри Санкт-Петрбурги Русия қарор дорад.

«Дар назар аст, ки рӯзи 28 декабр президенти ҷумҳурӣ роҳбари ҳайати ҳукумати Ӯзбекистон Рустам Азимовро ба ҳузур пазируфта, ҳамчунин ҳамин рӯз баргузории ҷаласаи комиссияи байниҳукуматиии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон низ ба нақша гирифта шудааст», – гуфт манбаъ.

Дар вохӯрии ҳайатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе баррасии масъалаҳои марбут ба сабуксозии реҷаи раводид миёни кишварҳо, ки аз моҳи сентябри соли 2000 амал мекунад, дар назар аст. Аз эҳтимол дур нест, ки мусофирони хатсайрҳои ҳавоии Душанбе-Тошканд-Душанбе, ки аз аввали соли оянда ифтитоҳ мегардад, мустақиман дар фурудгоҳҳои ҳарду кишвар раводид дастрас намоянд.

Дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ пас аз ба имзо расидани созишномаи мазкур санаи дақиқи ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоӣ ва арзиши билетҳо ба он маълум мешавад.

Парвози ҳавопаймоҳи миёни шаҳрҳои Тошканду Душанбе нимаи аввали соли 1992, замони оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ шуда буданд. Шурӯъ аз моҳи январи соли 2017 байни пойтахтҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон – Душанбе ва Тошканд парвози ҳавопаймоҳо фаъол хоҳанд гашт.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки аввали ҳамин ҳафта дар Душанбе баргузории ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон дар назар аст, ки ҳамраисони он муовини нахуствазири Ӯзбекистон Рустам Азимов ва муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...