Парвози ҳавопаймоҳои «Уралские авиалинии» ба Тоҷикистон бидуни маҳдудият

Ширкати авопаймоии русиягии «Уралские авиалинии» доир ба боздошти парвози ҳавопаймоҳо аз баъзе шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон аз мақомоти авиатсионии Тоҷикистон огоҳиномаи расмӣ нагирифта, аз ин рӯ, парвозҳо ба Тоҷикистонро тибқи ҷадвал пурра анҷом медиҳад. «Мо огоҳиномаи расмӣ нагирифтаем, бинобар ин мисли пешин ба анҷоми парвозҳо ба Тоҷикистон идома дода истодаем», – гуфтанд ба «Азия-Плюс» аз […]

Asia-Plus

Ширкати авопаймоии русиягии «Уралские авиалинии» доир ба боздошти парвози ҳавопаймоҳо аз баъзе шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон аз мақомоти авиатсионии Тоҷикистон огоҳиномаи расмӣ нагирифта, аз ин рӯ, парвозҳо ба Тоҷикистонро тибқи ҷадвал пурра анҷом медиҳад.

«Мо огоҳиномаи расмӣ нагирифтаем, бинобар ин мисли пешин ба анҷоми парвозҳо ба Тоҷикистон идома дода истодаем», – гуфтанд ба «Азия-Плюс» аз намояндагии ширкати «Уралские авиалинии».

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта, 23 декабр чанде аз ВАО-и Русия иттилоъ доданд, ки дар посух ба манъи парвози ҳавопаймоҳои ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр» ба минтақаҳои Русия, Душанбе парвози ҳавопаймоҳои ширкати русиягии «Уралские авиалиинии»-ро ба Тоҷикистон аз чор шаҳри Русия – Краснодару Уфа ва Челябинску Красноярск бозмедорад.

Санаи 22 декабр Вазорати нақлиёти Русия иттилоъ дод, ки аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид дар Маскав миёни мақомоти дахлдори кишварҳо дар масъалаи парвози ҳавопаймоҳои ширкати русиягии «Ямал» ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи Жуковский тавофуқ ҳосил нашуда, Русия аз 23 декабр парвози ҳавопаймоҳои ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» ба минтақаҳои Русияро мутаваққиф мекунад.

Баъдтар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба баргардонидани пулҳои мусофироне, ки ба хатсайрҳои Душанбе-Оренбург, Душанбе-Краснодар, Душанбе-Иркутск ва Душанбе-Красноярск билетҳо харида буданд, оғоз намуд.

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ба Вазорати корҳои хориҷии Русия дар робита ба вазъи алоқаи ҳавоӣ миёни кишварҳо ёддошт ё нота супурд.

«Сафири мо ба Департаменти ИДМ ВКХ Русия доир ба гуфтушунидҳо миёни мақомоти авиатсионии ҳарду кишвар ва бенатиҷа анҷом ёфтани онҳо маълумот дод», – хабар дод ба «Азия-Плюс» сухангӯи сафорат Сарвар Бахтӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар ёддошт масъалаҳои аз ҷониби Тоҷикистон вайрон нашудани муқаррароти созишнома дар бораи алоқаи ҳавоӣ миёни кишварҳо ва аз ҷониби Вазорати нақлиёти Русия риоя нашудани кадом бандҳои ин санад аз нигоҳӣ ҳуқуқӣ шарҳ дода шудааст.

Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рӯзи 26 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки бо вуҷуди хабарҳо дар мавриди қатъи парвозҳои ин ширкати ҳавопаймоии русӣ, парвозҳо дар хатсарҳои “Уралские авиалинии” ба Душанбе тибқи ҷадвал идома дошта, масалан, субҳи имрӯз, 26 декабр ҳавопаймои “Уралские авиалинии” аз шаҳри Екатеринбург ба шаҳри Душанбе парвоз анҷом дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.