Идомаи пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок аз Бонки Эсхата

Қарзҳои  имтиёзноки Бонки Эсхата дар доираи лоиҳаи Климадапт, бо маблағгузории Бонки Аврупоии Рушду таҷдид амалӣ гардида истодааст. Қарзҳои мазкур барои маблағгузории технологияи ҳозиразамон дар самти истеҳсолоти сариштакорона равона гардида истодаанд. Маблағҳои қарзӣ барои соҳибкорон,  кишоварзон ва соҳибмулкон  бо мақсади устувортар шудан ба тағироти иқлим  пешниҳод гардида, шартҳои он дастрас ва имтиёзнок мебошанд.   Фоизҳои дастрас ва […]

Иттилоияи расмӣ

Қарзҳои  имтиёзноки Бонки Эсхата дар доираи лоиҳаи Климадапт, бо маблағгузории Бонки Аврупоии Рушду таҷдид амалӣ гардида истодааст. Қарзҳои мазкур барои маблағгузории технологияи ҳозиразамон дар самти истеҳсолоти сариштакорона равона гардида истодаанд. Маблағҳои қарзӣ барои соҳибкорон,  кишоварзон ва соҳибмулкон  бо мақсади устувортар шудан ба тағироти иқлим  пешниҳод гардида, шартҳои он дастрас ва имтиёзнок мебошанд.  

Фоизҳои дастрас ва мӯҳлати дароз, ҳамчунин ёрии техникӣ ва машварати мустақил ба мизоҷон ба таври ройгон, аз шартҳои имтиёзии он маҳсуб ёфта, ба рушди технологияи босифат ва дарёфти ҳалли муносиби муаммоҳои ҷойдошта  мусоидат мекунад.

Дар давраи зимистон барои соҳибмулкон ин намуди қарзҳо барои гармкунии дару девори хона, насби тирезаҳо ва ғайраҳо кӯмак мерасонад.  

Маҳз ҳамин барномаи самаранокии қувваи барқу об мавзӯи асосии семинар машварат гардид, ки дар филиали Бонки Эсхата дар ноҳияи Ҳисор баргузор гардид.

Ҳамоҳангсозони Лоиҳаи “Климадапт” Фаррух Қосимов ва Ҷамила Саидова барои коршиносони қарзии филиал дар бораи хизматрасониҳои қарзӣ маълумотҳои саҳеҳ ва зарурӣ пешниҳод карданд. Семинар бо ташабусси менеджери минтақавӣ Хайём Худойдодов ташкил карда шуд.

Чуноне ки директори филиали ноҳ. Ҳисор Нигина Ҷабборова иброз дошт, семинари мазкур барои коршиносон саривақтӣ буд, зеро талабот ба чунин намуди қарзҳо рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст. Деҳқонон ва фермерони ноҳия барои насб намудани системаҳои иррегатсионӣ, кофтани ҷоҳҳои амудӣ, сохтани гармхонаҳо ниёз доранд, ки ҳосили фаровон дода, камхарҷ мебошад.

Корхонаҳои истеҳсолии хурду миёна бошад, метавонанд барои навкунии таҷҳизоти истеҳсолӣ,  ки аз ҷиҳати истифодаи қувваи барқу об камхарҷ аст,  маблағҳои қарзиро истифода намоянд. Иштирокчиёни семинар боварӣ намуданд, ки дар натиҷаи омӯзиш шумораи қарзҳо ва ҳаҷми қарзҳои лоиҳаи Климадапт зиёд мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.