Мактаби прапоршиконро зиёда аз 100 нафар хатм намуданд

Дар Маркази таълимиии Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта маросими хатми 100 нафар таълимгирандагони мактаби омодакунии прапоршикон доир гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, дар фазои мутантани ҳарбӣ ба ин гурӯҳи ҳомиёни ватан шаҳодатномаи хатм ва рутбаи ҳарбии прапоршикӣ тақдим карда шуда, аз ҷониби масъулини Раёсати кадрҳо ва таълимоти ҳабии […]

Asia-Plus

Дар Маркази таълимиии Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта маросими хатми 100 нафар таълимгирандагони мактаби омодакунии прапоршикон доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, дар фазои мутантани ҳарбӣ ба ин гурӯҳи ҳомиёни ватан шаҳодатномаи хатм ва рутбаи ҳарбии прапоршикӣ тақдим карда шуда, аз ҷониби масъулини Раёсати кадрҳо ва таълимоти ҳабии Вазорати мудофиа бо назардошти ҷойҳои холии прапоршикӣ дар қисму воҳидҳои низомии кишвар онҳоро ба вазифаҳои муайян таъин ва ҷиҳати идома додани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ раҳнамун намуданд.

Қайд мешавад, ки омӯзиш дар ин мактаб аз руйи 8 ихтисоси муҳими ҳарбӣ 4 моҳ давом карда, бо мақсади ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба хизмати ҳарбӣ ва баҳри пуррагардонии вазифаҳои холии прапоршикӣ дар сафи Артиши миллии кишвар ташкил карда шудааст.

Гуфта мешавад, сарбозони шомилшуда ба ин мактаб пас аз идомаи таҳсил ва аз худ намудани махсусияту нозукиҳои тахасусӣ интихоб карда, соҳиби шаҳодатнома ва рутбаи прапоршикӣ мегарданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин мактаб ба сарбозон давоми таҳсил афсарони ботаҷриба дар баробари омӯзонидани донишҳои назариявӣ, ба машғулиятҳои амалии тактикӣ-варзишӣ ва аз худ намудани санъати ҳарбӣ ҷалб менамоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.