Коҳиши назарраси содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон

Asia-Plus

Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон аз оғози соли равон ҳудуди 170 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки сарфи назар аз афзоиши устувори маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ, дар муқоиса бо соли гузашта ин нишондиҳанда 47,022 тонна камтар аст.

Дар Вазорати кишоварзӣ аз эҳтимол дур намедонанд, ки ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар баровардани маҳсулоти кишоварзӣ ба чунин вазъи ногувор боис гардидааст. Аз ҷумла, имсол аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар беш аз 21,5 ҳазор тонна мева, зиёда аз 100 тонна сабзавот, наздики 44 ҳазор тонна хушкмева ва қариб 4 тонна дигар маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, шояд амалҳои қочоқи содироти ин маҳсулотҳо тавассути 45 гузаргоҳҳои назоратнашавандаи марзии Тоҷикистону давлатҳои ҳамсоя сурат гирад.

«Ба ҳамин хотир ташкили нуқтаҳои хадамотҳои назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, байторӣ оид ба назорати интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ байни вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин дар гузаргоҳҳои назоратнашавандаи сарҳадӣ мақсаднок аст», – қайд мекунанд дар Вазорат.

Гуфта мешавад, маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ асосан ба давлатҳои Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон ва дигар ҷумҳуриҳо содир карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар сохтори содироти маҳсулоти кишоварзӣ пиёз ҳиссаи назаррас дошта, соли равон содироти он ба хориҷи кишвар дар ҳаҷми 98 ҳазор тонна сурат гирифтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.