Огоҳии аҳолӣ аз харидорӣ накардани билетҳои ширкати ҳавопаймоии «Ямал»

Asia-Plus

Мақомоти авиатсионии Тоҷикистон аҳолиро огоҳ мекунанд, ки билетҳои ширкати ҳавопаймоии «Ямал»-ро харидорӣ накунанд, зеро ин ширкат барои парвозҳо ба Тоҷикистон иҷозатнома нагирифтааст.

Бино ба иттилои ба «Азия-Плюс» расида аз ҳайати Тоҷикистон, ки дар гуфтушунидҳо оид ба алоқаи ҳавоӣ миёни кишварҳо дар Маскав қарор дорад, гуфтушунидҳои рӯзи 22 декабр оғозёфта идома дошта, то ҳол миёни ҷонибҳо ҳеҷ як тавофуқи муайяне ҳосил нашудааст.

«Аммо то ҷое мо огаҳӣ дорем, ширкатҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоии «М-Авиа», «Саёҳати нур» ва Atlas Travel дар хатсайри Маскав-Душанбе ба фурӯши билетҳои ширкати «Ямал» машғуланд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ин ширкат барои парвозҳо ба Тоҷикистон иҷозатнома надошта, мутаносибан ба фурӯши билетҳо ҳам ҳуқуқ надорад. «Аз ин рӯ, зимни фурӯши билетҳо аҳолиро набояд фиреб кард», – иброз дошт ҳамсуҳбат.

Ба «Азия-Плюс» тамос гирифан бо ин ширкатҳои фурӯши билетҳо муяссар нашуд, аммо дар сомонаҳои интернетӣ дар бораи идомаи фурӯши билетҳо аз ҷониби ширкати «Ямал» ба хатсайрҳои мавҷуднабуда маълумот дастрас аст. Масалан зикр гардида буд, ки арзиши билети ширкати «Ямал» аз Маскав ба Душанбе – 228 ва аз Маскав ба Хуҷанд – 244 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Директори тиҷоратии ширкати «Ямал» Андрей Дубров дар ин робита гуфтааст, ширкат фурӯши билетҳо ба хатсайрҳои самти Тоҷикистон аз фурудгоҳи Жуковскийро мутаваққиф накардаааст.

«Мақомоти Тоҷикистону Русия доир ба парвозҳо то ҳанӯз қароре қабул накарда, алҳол мо расман парвозҳоро ба таъхир андохта, ҳалли масъаларо интизорем, вале фурӯши билетҳоро бознадоштаем», – иброз доштааст Дубров.

Қаблан ширкати ҳавопаймоии русиягии «Уралские авиалинии» низ доир ба боздошти парвози ҳавопаймоҳо аз баъзе шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки аз мақомоти авиатсионии Тоҷикистон огоҳиномаи расмӣ нагирифта, аз ин рӯ, парвозҳо ба Тоҷикистонро тибқи ҷадвал пурра анҷом медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.