Қирғизистон ҳам дар ниҳояти кор Кодекси гумруки ИИАО-ро имзо кард

Кодекси гумруки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО)-ро президентҳoи 4 кишвари узв, аз ҷумла роҳбари Қирғизистон имзо карданд. Дар ин бора сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба гуфтаҳои раиси коллегияи комиссияи иқтисодии иттиҳоди мазкур Тигран Саркисян хабар медиҳад. Пештар аз ин Саркисян гуфта буд, ки дар маросими имзои ҳуҷҷатҳо президенти Қирғизистон кодексро имзо накардааст. "Президентҳои […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Кодекси гумруки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО)-ро президентҳoи 4 кишвари узв, аз ҷумла роҳбари Қирғизистон имзо карданд. Дар ин бора сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба гуфтаҳои раиси коллегияи комиссияи иқтисодии иттиҳоди мазкур Тигран Саркисян хабар медиҳад.

Пештар аз ин Саркисян гуфта буд, ки дар маросими имзои ҳуҷҷатҳо президенти Қирғизистон кодексро имзо накардааст. "Президентҳои чаҳор кишвар ҳамаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо имзо карданд, аз ҷумла Кодекси гумрукро. Аз ҷониби Қирғизистон танҳо изҳорот дар бораи ба роҳ мондани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ имзо нашудааст", – афзудааст Саркисян.

Гуфта мешавад, Кодекси нав кодексеро, ки соли 2009 қабул шуда буд, иваз мекунад. Ин ҳуҷҷат барои гузаштан ба танзими ягонаи гумрукӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё даъват мекунад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар кодекси нав, ки давоми се сол омода шудааст, навъи иттилоърасонӣ дар бораи амалиёти гумрукӣ, содасозии тиҷорат, кам кардани ҳуҷҷатгузорӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.