ВКХ ҶТ: Русия муқаррароти Созишномаи алоқаи ҳавоиро вайрон мекунад

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба вазъи ҷойдошта дар бахши алоқаи ҳавоӣ миёни кишварҳо ба унвони Вазорати корҳои хориҷии Русия ёддошт ё нота фиристода буд, ки дар сомонаи Вазорати гузошта шудааст. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ёддошт ба риоя нашудани муқаррароти Созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия дар бораи алоқаи […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба вазъи ҷойдошта дар бахши алоқаи ҳавоӣ миёни кишварҳо ба унвони Вазорати корҳои хориҷии Русия ёддошт ё нота фиристода буд, ки дар сомонаи Вазорати гузошта шудааст.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ёддошт ба риоя нашудани муқаррароти Созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия дар бораи алоқаи ҳавоӣ аз 12 сентябри соли 1997 ишора мешавад.

«Ҷониби Русия бори навбатӣ дар бораи ҷорисозии чораҳои манъкунӣ қарор қабул кард, ки дар Созишнома пешбинӣ нашудаанд. Мутобиқи моддаи 16-и Созишномаи мазкур, зимни ба вуҷуд омадани масоили баҳсӣ, ҷонибҳо метавонанд машваратҳо гузаронанд ва айни замон механизми машваратҳо миёни мақомоти авиатсионии кишварҳо то ба охир истифода нашудааст», – қайд мешавад дар ёддошт.

Гуфта мешавад, дар робита ба ин ВКХ Тоҷикистон барои мусоидат ба идомаи гуфтушуниди мустақим миёни мақомоти дахлдори кишварҳо бо мақсади танзими ҳарчи зудтари масъала дар рӯҳияи муколамаи созанда ва шарикии стратегӣ ба ВКХ Русия муроҷиат кардааст.

Дар ҳамин ҳол, чанде қабл котиби матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ изҳор дошт, ки ба ин ёддошт аз ВКХ Русия то ҳол посухе нарасидааст.

Гуфтушунидҳои мақомоти Тоҷикистону Русия оид ба масоили алоқаи ҳавоӣ дар Маскав идома доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.