«Барқи тоҷик» ба шарҳи сабабҳои қатъи сартосарии барқ дар моҳи октябр шитоб надорад

Asia-Plus

Ширкати «Барқи тоҷик» то ҳанӯз ба шарҳи сабабҳои садама дар низоми энергетикии кишвар, ки расо ду моҳ пеш – 28 октябр рух дода буд, омода нест.

Қобили зикр аст, ки комиссияи махсуси пас аз як рӯзи садама таъсисёфта ҳанӯз моҳи ноябр кори худро ба итмом расонида, хулосаҳои худро ба ширкат пешниҳод намуд.

«Айни замон хулосаи комиссия мавриди омӯзиши вазорату идораҳои дахлдор қарор дошта, танҳо пас аз мувофиқасозии ниҳоӣ чоп шуда метавонад», – гуфтанд ба «Азия-Плюс» дар ин робита дар ширкати «Барқи тоҷик».

Ширкати «Барқи тоҷик» қаблан эълон карда буд, ки барои ошкор кардани сабабҳои садама, ки баъди он қариб тамоми ҷумҳурӣ муддати се соат бе барқ монд, ҳадди ақал ду ҳафта муҳлат зарур аст.

Коршиносон садамаро комилан табиӣ ва пешбинишуда арзёбӣ карда буданд, чунки дар иншооти гидротехникии ҷумҳурӣ қоидаҳои истифодабарӣ риоя намешаванд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 28 октябр қариб тамоми ҷумҳурӣ бе нерӯи барқ монда буд. Қаблан аз ширкати «Барқи тоҷик» иттилоъ дода буданд, ки ин ҳолати ғайримунтазира дар Тоҷикистон бинобар сабаби бозистии агрегатҳои нерӯгоҳи Норак ба иллати носозиҳо дар низоми энергетикии кишвар ва таври автоматӣ ба кор даромадани низоми зиддисадамавӣ ба вуҷуд омад.

«Бо ин сабаб соати 18:29 дақиқаи рӯзи 28 октябр қариб ба тамоми қаламрави ҷумҳурӣ интиқоли барқ қатъ шуд. Танҳо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо барқ таъмин буд», – гуфта буд ба «Азия-Плюс» сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи бонавбат дубора ба кор даровардани агрегатҳои нерӯгоҳ ва таъмини кори хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, марҳила ба марҳила интиқоли барқ барқарор карда шуд.

«Шоми ҳамон рӯз раиси ширкат Мирзо Исмоилзода тариқи шабакаҳои телевизиони давлатӣ ин вазъро шарҳ дода, барои рӯйи кор омадани чунин ҳолати ногувор аз аҳолӣ маъзарат хост», – иттилоъ дод Ёдгорӣ.

Қобили зикр аст, ки пештар ҳам дар нерӯгоҳи Норак садамаҳо рух дода буданд. Моҳи ноябри соли 2009 бар асари чунин як садама дар нерӯгоҳи Норак ҳудуди 70 фоизи қаламрави Тоҷикистон бе барқ монда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...