Суғд: ҳалокати 3 узви як хонавода дар садамаи нақлиёт

Бар асари як садамаи нақлиёт дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд 3 узви як хонавода ба ҳалокат расиданд. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ дар шарҳи ин маълумот менависад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, ҷавони 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти  Ошобаи ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи ҳамин тамға таҳти идораи  ҷавони 21-солаи […]

Asia-Plus

Бар асари як садамаи нақлиёт дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд 3 узви як хонавода ба ҳалокат расиданд.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ дар шарҳи ин маълумот менависад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, ҷавони 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти  Ошобаи ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи ҳамин тамға таҳти идораи  ҷавони 21-солаи ҳамин ноҳия бархӯрдааст.

Гуфта мешавад, бар асари ин ҳодисаи нохуш ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, ҷавони 21-сола ва мусофирони он: падару модараш марди 58-сола ва зани 56-сола бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ҷавони 20-сола ва писарбачаи 4-солаи сокинони ҳамин ноҳия дар беморхона бистарӣ гаштаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон ронандаи дигари автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” ва мусофири он, марди 24-солаи сокинони ноҳияи Ашт дар беморхона қарор доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.