Эрон бори навбатӣ нияти сохтмони роҳи оҳан бо Тоҷикистонро изҳор кард

Asia-Plus

Идораи роҳи оҳани Эрон (RAI) дар бораи оғози гуфтушунидҳо доир ба сохтмони роҳи оҳан миёни Эрон-Туркманистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон хабар медиҳанд.

«Гуфтушунидҳо дар робита ба ин масъала мувофиқи натиҷаҳои ҳосилшуда аз сафари чанде қабли президенти Эрон Рӯҳонӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ шурӯъ шуданд», – гуфтааст ба хабаргузории эронии Mehr муовини роҳбари RAI Мирҳасан Мӯсавӣ.

Ӯ қайд кардааст, ки мақомоти масъули идораҳои роҳи оҳани чор кишвари зикршуда ба гуфтушунидҳо пардохтааанд ва вохӯрии минбаъдаи онҳо давоми нимсолаи аввали соли оянда баргузор мешавад.

Мирҳасан Мӯсавӣ таъкид доштааст, ки Эрон дар маҷмӯъ ба алоқаи роҳи оҳан бо кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ тавсеъа бахшиданист.

Аввали моҳи августи соли равон иттилоъ дода будем, ки нақшаҳои минбаъда оид ба сохтмони роҳи оҳани Эрон – Афғонистон – Тоҷикистон – Қирғизистон – Чинро роҳбарони идораҳои нақлиёти 5 кишвар дар шаҳри Теҳрон баррасӣ карданианд. Масофаи умумии роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон – марзи Эрон ба ҳудуди 2 ҳазор километр тӯл мекашад. Масофаи қисмати тоҷикистонии роҳ беш аз 580 километрро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти пешакӣ, барои амалисозии лоиҳаи қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани мазкур беш аз 3,2 млрд. доллари ИМА маблағ зарур аст. Қаблан барои таҳияи санади арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳа Эрон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 млн. доллари ИМА грант ҷудо карда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...