Пойгоҳи низомии 201 тарбиятгирандагони интернатро бо Соли Нав табрик кард

Хизматчиён пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон ва аҳли оилаи онҳо дар хона-интернати №1-и шаҳри Душанбе як иқдоми хайрия баргузор намуда, тарбиятгирандагони ин муассисаро бо Соли Нави мелодӣ табрик карданд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ хабар доданд, дар ҷамъоварии туҳфаҳо барои кӯдакон тамоми оилаҳои хизматчиёни ҳарбии муқими гарнизони Душанбе саҳм гирифтаанд. Барои […]

Хизматчиён пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон ва аҳли оилаи онҳо дар хона-интернати №1-и шаҳри Душанбе як иқдоми хайрия баргузор намуда, тарбиятгирандагони ин муассисаро бо Соли Нави мелодӣ табрик карданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ хабар доданд, дар ҷамъоварии туҳфаҳо барои кӯдакон тамоми оилаҳои хизматчиёни ҳарбии муқими гарнизони Душанбе саҳм гирифтаанд.

Барои тарбиятгирандагони интернат 90 адад маҷмӯъи туҳфаҳои иборат аз бозичаҳо ва шириниҳои гуногун ҷамъоварӣ шуда, ба ҳар кадоме аз кӯдакон ҳадяе тақдим гардид, ки ӯ дар остонаи Соли Нав дар номааш ба Бобои Барфӣ тасвир карда буд.

Бино ба иттилои манбаъ, баргузории иқдомҳои башардӯстона барои хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳли оилаи онҳо як анъанаи хубе шудааст, ки давоми чандин сол идома дорад. Соли 2016 аз ҷониби пойгоҳ ба хонаи интернати барои пиронсолон ва маъюбони «Батош» ва калисои Николи Муқаддас (Свято – Николский Собор) ҷиҳати кумак ба камбизоатон беш аз 8 тонна маҳсулоти ғизойӣ ҷудо гардида, ҳамчунин ба собиқадорони ҷангу меҳнати низ дасти ёрӣ дароз шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.