Кордкашӣ миёни толибилмони пойтахт бо марги 2 нафар анҷомид

Date:

Бар асари муноқишаву занозанӣ байни толибилмони се мактаби шаҳри Душанбе шаби 3 январ дар яке аз интернет-кафеҳои микрорайони 103-юм ду тан аз хонандагон аз захми корд ҳалок шуданд. Инҳо хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 43, 54 ва 101-уми ноҳияи Сино будаанд.

Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дода, аз ифшои ҷузъиёти дигари масъала худдорӣ варзиданд. Намояндагони Вазорати айни замон дар ҷойи ҳодиса қарор доштаанд.

Вазорати корҳои дохилӣ низ аз боздошти чанде аз иштирокчиёни муноқиша маълумот дода, дигар ҷузъиёти қазияро шарҳ намедиҳад.

Дар ҳамин ҳол, омӯзгори мактаби №54 Сомон Шарипов ба «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки ҷасади яке аз толибилмони ҳалокшуда ҳамин рӯз ба хок супурда шудааст.

Бино ба маълумоти ВАО бо истинод ба дигар омӯзгорон, муноқиша бо айби хатмкардагони соли гузаштаи мактабҳо рух додааст.

Ҳодисаҳои ба ин монанд тайи соли охир бори аввал нестанд. Аввали моҳи июни соли гузашта  кормандони милиса 7 нафар хонандагони яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанберо барои ташкили занозании оммавӣ боздошт намуданд.  Гумонбаршудагон тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, якдигарро лату кӯб намудаанд, ки дар натиҷа чор нафари онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.

Охири моҳи майи соли 2016 низ ду нафар донишҷӯён – сокини 21-солаи шаҳри Ваҳдат ва сокини 19-солаи шаҳри Душанбе ба гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир шуда буданд. Онҳо дар назди яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Рӯдакӣ бо 4 нафар хонандагони синфҳои 10 ва 11-уми мактаби мазкур аз ҳиссиёти авбошӣ ҷангу ҷанҷол карда, хонандагонро зери лату кӯб қарор дода буданд.

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев чандин маротиба аз ин ҳодисаҳо нигаронӣ изҳор намуда, дар яке аз машваратҳои моҳи июн зикр кард, ки муноқишаҳои оммавӣ дар мактаб натиҷаи муносибати хунукназаронаи нозирони минтақавии милитсия ва кормандони соҳаи маорифи пойтахт ба вазифаҳои худ аст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев қайд карда буд, ки дар сурати такрор шудани чунин ҳодисаҳо, нисбати шахсони масъул ва волидони хонандагон мутобиқи қонунгузории кишвар чораҳои қатъӣ андешида мешаванд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...