Кордкашӣ миёни толибилмони пойтахт бо марги 2 нафар анҷомид

Бар асари муноқишаву занозанӣ байни толибилмони се мактаби шаҳри Душанбе шаби 3 январ дар яке аз интернет-кафеҳои микрорайони 103-юм ду тан аз хонандагон аз захми корд ҳалок шуданд. Инҳо хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 43, 54 ва 101-уми ноҳияи Сино будаанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дода, […]

Asia-Plus

Бар асари муноқишаву занозанӣ байни толибилмони се мактаби шаҳри Душанбе шаби 3 январ дар яке аз интернет-кафеҳои микрорайони 103-юм ду тан аз хонандагон аз захми корд ҳалок шуданд. Инҳо хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 43, 54 ва 101-уми ноҳияи Сино будаанд.

Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар дода, аз ифшои ҷузъиёти дигари масъала худдорӣ варзиданд. Намояндагони Вазорати айни замон дар ҷойи ҳодиса қарор доштаанд.

Вазорати корҳои дохилӣ низ аз боздошти чанде аз иштирокчиёни муноқиша маълумот дода, дигар ҷузъиёти қазияро шарҳ намедиҳад.

Дар ҳамин ҳол, омӯзгори мактаби №54 Сомон Шарипов ба «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки ҷасади яке аз толибилмони ҳалокшуда ҳамин рӯз ба хок супурда шудааст.

Бино ба маълумоти ВАО бо истинод ба дигар омӯзгорон, муноқиша бо айби хатмкардагони соли гузаштаи мактабҳо рух додааст.

Ҳодисаҳои ба ин монанд тайи соли охир бори аввал нестанд. Аввали моҳи июни соли гузашта  кормандони милиса 7 нафар хонандагони яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанберо барои ташкили занозании оммавӣ боздошт намуданд.  Гумонбаршудагон тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, якдигарро лату кӯб намудаанд, ки дар натиҷа чор нафари онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.

Охири моҳи майи соли 2016 низ ду нафар донишҷӯён – сокини 21-солаи шаҳри Ваҳдат ва сокини 19-солаи шаҳри Душанбе ба гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир шуда буданд. Онҳо дар назди яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Рӯдакӣ бо 4 нафар хонандагони синфҳои 10 ва 11-уми мактаби мазкур аз ҳиссиёти авбошӣ ҷангу ҷанҷол карда, хонандагонро зери лату кӯб қарор дода буданд.

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев чандин маротиба аз ин ҳодисаҳо нигаронӣ изҳор намуда, дар яке аз машваратҳои моҳи июн зикр кард, ки муноқишаҳои оммавӣ дар мактаб натиҷаи муносибати хунукназаронаи нозирони минтақавии милитсия ва кормандони соҳаи маорифи пойтахт ба вазифаҳои худ аст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев қайд карда буд, ки дар сурати такрор шудани чунин ҳодисаҳо, нисбати шахсони масъул ва волидони хонандагон мутобиқи қонунгузории кишвар чораҳои қатъӣ андешида мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.