Қирғизистон даст доштани шаҳрвандаш ба амали террористӣ дар Истанбулро рад кард

Хадамоти махсуси Қирғизистон даст доштани шаҳрванди кишварашон Яҳё Машраповро ба амали террористӣ дар Истанбулро тасдиқ накарданд. Гумонбаршуда бозпурсӣ ва ба хонааш рухсатӣ шудааст. Хабаргузории «24.kg» бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иттилоъ медиҳад, ки шаҳрванди Қирғизистон Яҳё Машрапов, ки ВАО-и Туркия аксашро ҳамчун гумонбар нашр карданд, бозпурсӣ шуда, даст доштани ӯ дар ин амали […]

Asia-Plus

Хадамоти махсуси Қирғизистон даст доштани шаҳрванди кишварашон Яҳё Машраповро ба амали террористӣ дар Истанбулро тасдиқ накарданд. Гумонбаршуда бозпурсӣ ва ба хонааш рухсатӣ шудааст.

Хабаргузории «24.kg» бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иттилоъ медиҳад, ки шаҳрванди Қирғизистон Яҳё Машрапов, ки ВАО-и Туркия аксашро ҳамчун гумонбар нашр карданд, бозпурсӣ шуда, даст доштани ӯ дар ин амали террористӣ исбот нашудааст.

Дар КДАМ қайд кардаанд, ки онҳо шахсияти Машрапов ва макони зисти ӯро муайян карда, дар шаҳри Қара-Суу иқомат доштааст. Машраповро дар фурудгоҳи Истанбул боздошт карда, сипас баъди бозпурсӣ ҷавоб додаанд. Парвози ҳавопаймое, ки ӯ бо он бояд парвоз мекард, ба муддати 1 соат ба таъхир афтодааст.

Ёдрас мекунем, ки шаби 1 январ як шахси номаълум дар яке клубҳои шабонаи шаҳри Истанбул ба тирпарронӣ пардохта, бар асари он 39 нафар ҳалок ва наздики 70 нафар бошандагони клуб ҷароҳат бардоштанд.

Пулиси Туркия акс ва навори видеоии ба ақидаи онҳо ҳамлагарро нашр намуда, васоити ахбори умуми туркӣ бо истинод ба сарчашмаҳои худ дар мақомоти пулис иттилоъ медиҳанд, ки аз эҳтимол дур нест, ки шахси ҳамлагар аз Ӯзбекистон ё Қирғизистон бошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...