Тасдиқи тартиби савгандёдкунии аъзои ҳукумат

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон фармонеро ба имзо расонид, ки дар он тартиби савгандёдкуии аъзои ҳукумат ба президенти кишвар зикр шудааст. Қоидаи асосӣ – дастро болои Конститутсия гузоштан ва қироат кардани матни савганд дар бораи хизмати содиқона баҳри рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон аст.

Дар фармони президент гуфта мешавад, маросими савгандёдкунии аъзои ҳукумат дар вазъи тантанавӣ дар Кохи миллат доир гардида, шумор ва доираи иштирокчиёни он аз ҷониби худи президент муайян карда мешавад.

Қабл аз маросими савгандёдкунии аъзои ҳукумат дар толор Парчами давлатӣ ва Ливо (Штандарт)-и президент ва дар мизи махсус аз тарафи рости шахси савгандёдмекарда Конститутсияи Тоҷикистон гузошта шуда, баъди ба толор ворид шудани сарвари давлат маросим оғоз меёбад.

Варақаи савгандёдкунӣ бо имзои аъзои ҳукумат дар парвандаҳои шахсии онҳо дар Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат нигаҳдорӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки маросими савгандёдкунии аъзои ҳукумат ба Президенти мамлакат баъди қабули тағйироту иловаҳо ба Конститутсия дар маъракаи раъйпурсии умумихалқии санаи 22 май ҷорӣ шуд.

Моҳи октябри соли 2016 вакилони палатаи болоӣ ва поёнии парлумони ҷумҳурӣ на ба Президент, балки ба мардуми Тоҷикистон савганд ёд карданд. Акнун аъзои ҳукумат навбати худро интизоранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.