Тасдиқи тартиби савгандёдкунии аъзои ҳукумат

Эмомалӣ Раҳмон фармонеро ба имзо расонид, ки дар он тартиби савгандёдкуии аъзои ҳукумат ба президенти кишвар зикр шудааст. Қоидаи асосӣ – дастро болои Конститутсия гузоштан ва қироат кардани матни савганд дар бораи хизмати содиқона баҳри рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон аст. Дар фармони президент гуфта мешавад, маросими савгандёдкунии аъзои ҳукумат дар вазъи тантанавӣ дар Кохи […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон фармонеро ба имзо расонид, ки дар он тартиби савгандёдкуии аъзои ҳукумат ба президенти кишвар зикр шудааст. Қоидаи асосӣ – дастро болои Конститутсия гузоштан ва қироат кардани матни савганд дар бораи хизмати содиқона баҳри рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон аст.

Дар фармони президент гуфта мешавад, маросими савгандёдкунии аъзои ҳукумат дар вазъи тантанавӣ дар Кохи миллат доир гардида, шумор ва доираи иштирокчиёни он аз ҷониби худи президент муайян карда мешавад.

Қабл аз маросими савгандёдкунии аъзои ҳукумат дар толор Парчами давлатӣ ва Ливо (Штандарт)-и президент ва дар мизи махсус аз тарафи рости шахси савгандёдмекарда Конститутсияи Тоҷикистон гузошта шуда, баъди ба толор ворид шудани сарвари давлат маросим оғоз меёбад.

Варақаи савгандёдкунӣ бо имзои аъзои ҳукумат дар парвандаҳои шахсии онҳо дар Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат нигаҳдорӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки маросими савгандёдкунии аъзои ҳукумат ба Президенти мамлакат баъди қабули тағйироту иловаҳо ба Конститутсия дар маъракаи раъйпурсии умумихалқии санаи 22 май ҷорӣ шуд.

Моҳи октябри соли 2016 вакилони палатаи болоӣ ва поёнии парлумони ҷумҳурӣ на ба Президент, балки ба мардуми Тоҷикистон савганд ёд карданд. Акнун аъзои ҳукумат навбати худро интизоранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.