Лимити рӯзонаи барқ дар минтақаҳо бекор мешавад

Аз 5 январ реҷаи маҳдуди рӯзонаи истифодаи нерӯи барқ (лимит) дар минтақаҳои Тоҷикистон бекор ва интиқоли барқ боз 5 соати дигар зиёд карда мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» дар ин робита иттилоъ доданд, мувофиқи реҷаи нав аҳолии минтақаҳои кишвар ҳамарӯза аз соати 05:00 то 22:00 бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд. Қобили […]

Asia-Plus

Аз 5 январ реҷаи маҳдуди рӯзонаи истифодаи нерӯи барқ (лимит) дар минтақаҳои Тоҷикистон бекор ва интиқоли барқ боз 5 соати дигар зиёд карда мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» дар ин робита иттилоъ доданд, мувофиқи реҷаи нав аҳолии минтақаҳои кишвар ҳамарӯза аз соати 05:00 то 22:00 бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки айни замон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ муддати 12 соат – субҳ аз соати 05:00 то 11:00 ва шомгоҳон аз соати 16:00 то 22:00 нерӯи барқ интиқол дода мешавад.

Ҳамин тариқ, аз рӯзи 5 январ сокинони минтақаҳо дар як шабонарӯз ба ҷойи 12 соати имрӯза муддати 17 соат бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд.

Афзоиши ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ба минтақаҳоро дар ширкати «Барқи тоҷик» ба мавриди истифода қарор гирифтани Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ва ҳамчунин захираи кофии об дар обанбори Норак нисбат медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, ширкати «Барқи Тоҷик» аз муштариён хоҳиш мекунад, ки аз барқ сарфакорона истифода бурда, ҳаққи истифодаи неруи барқро саривақт пардохт намоянд.

Ёдрас мекунем, ки реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар Тоҷикистон расман аз 1 ноябри соли равон ҷорӣ гардида, он танҳо ба пойтахт ва шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ дахл надошт. Нимаи моҳи декабр баъди ба истифода додани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» лимит нахуст 4 соат зиёдтар шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.