Болоравии арзиши сиёҳкунии шишаҳои мошин

Asia-Plus

Арзиши иҷозатнома барои сиёҳкунии шишаҳои автомашина (тонировка) дар Тоҷикистон аз 1 январи соли равон 25% афзуд. Ин ба болоравии ҳаҷми нишондиҳандаҳо барои ҳисоб аз оғози сол вобаста аст.

Сардори шуъбаи назорати техникии Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон Ашӯр Салимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки акнун барои гирифтани иҷозатномаи сиёҳкунии шишаи автомобили истеҳсоли то соли 2004 – 2,5 ҳазор (пештар – 2 ҳазор) сомонӣ ва автомашинаҳои истеҳсоли соли 2005 ва баъди он – 3,1 ҳазор (қаблан – 2 ҳазору 480) сомонӣ маблағ мебояд пардохт намуд.

Ба гуфтаи Салимов, афзоиши нархи иҷозатнома барои сиёҳкунии шишаҳои автомашина бевосита ба болоравии ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб аз аввали сол марбут аст.

«Соҳибони автомашинаҳои истеҳсоли то соли 2004 чун пешина барои сиёҳкунии шишаҳо 50 нишондиҳанда барои ҳисоб ва автомашинаҳои истеҳсоли соли 2005 ва баъди он – 62 нишондиҳанда барои ҳисоб пардохт мекунанд», – иброз дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб дар Тоҷикистон аз 1 январи соли ҷорӣ аз 40 то 50 сомонӣ зиёд шуд.

Иҷозатнома барои сиёҳкунии шишаҳои автомобил ба муҳлати як сол дода шуда, хоҳишмандони дароз кардани ин муҳлат бояд бори дигар маблағ пардохт намоянд. Ин маблағҳо аз соли 2010 ба суратҳисоби махсуси сохтмони нерӯгоҳи Роғун гузаронида мешаванд.

Иҷозатнома дар шуъбаҳои Бозрасиии давлатии автомобилӣ дода мешавад. Баъди гирифтани иҷозатнома моликони автомашинаҳо ба тарзи дилхоҳ ва бидуни маҳдудият шишаҳои онро ранг карда метавонанд. Аммо шишаи пеши автомашина бояд шаффоф буда, танҳо ба сиёҳкунии 20 сантиметри болои он иҷозат дода мешавад.

Аз соли 2000 то соли 2010 дар Тоҷикистон сиёҳкунии шишаҳои автомашина манъ буд. Ин ба вазъи иҷтимоиву сиёсӣ дар кишвар ва мубориза бо афзоиши ҷинояткорӣ вобаста буд. Танҳо сарвари давлат, нахуствазир ва раисони ҳарду палатаҳои парлумон ба чунин имтиёз соҳиб буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.