Каримов ва Мирзиёев дар рӯйхати 40 чеҳраи калидии ҳаёти байнулмилалӣ

Президенти нахустини Ӯзбекистон Ислом Каримов ва президенти тозаинтихоби ин кишвар Шавкат Мирзиёев ба рӯйхати 40 чеҳраи байналхалқии соли 2016 шомил шудаанд. Ин рӯйхатро як маркази таҳлилии Испания – Маркази муносибатҳои байналхалқии Барселона тартиб додааст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ҳамасола дар ин рӯйхат чеҳраҳои сиёсии барҷаста ва фаъолони ҷамъиятии саросари ҷаҳон, инчунин созмонҳои ғайридавлатӣ шомил […]

Радиои Озодӣ

Президенти нахустини Ӯзбекистон Ислом Каримов ва президенти тозаинтихоби ин кишвар Шавкат Мирзиёев ба рӯйхати 40 чеҳраи байналхалқии соли 2016 шомил шудаанд. Ин рӯйхатро як маркази таҳлилии Испания – Маркази муносибатҳои байналхалқии Барселона тартиб додааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ҳамасола дар ин рӯйхат чеҳраҳои сиёсии барҷаста ва фаъолони ҷамъиятии саросари ҷаҳон, инчунин созмонҳои ғайридавлатӣ шомил мешаванд. Тартибдиҳандагони рӯйхат навиштаанд, ки "фаъоли давлативу сиёсӣ Ислом Каримов муассиси давлати мустақил буд ва дар ташкили Ӯзбекистони пасошӯравӣ нақши намоён дошт".

Гуфта мешавад, ба навиштаи марказ, сарвазири пешин ва акнун президенти феълии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар интихобот бо касби наздики 90 дарсади раъйи мардум пирӯзии бебаҳсеро соҳиб шуд. Дар даврони роҳбарии Мирзиёев мешавад тамоюлҳои наверо дар самти сиёсати хориҷӣ мушоҳида кард.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин рӯйхат роҳбари пешини Куба Фидел Кастро, ки имсол даргузашт ва президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп низ шомил шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.