Тоҷикдухтар шоҳмотбози беҳтарини Липетск

Шоҳмотбоздухтари тоҷик Марворид Насриддинзода дар мусобиқаи Ҷоми солинавии вилояти Липетск аз рӯи бозии шоҳмоти зудҷараён (блитс) ғолиб омад. Дар ин мусобиқа 47 нафар шоҳмотбозон иштирок кардаанд. «Натиҷаи беҳтаринро миёни занон Марворид Насриддинзода аз Добринка нишон дода, соҳиби 5,5 хол шуд», – хабар дода мешавад дар сомонаи championat48.ru. Марворид Насриддинзода узви дастаи мунтахаби шоҳмоти Тоҷикистон буда, […]

Asia-Plus

Шоҳмотбоздухтари тоҷик Марворид Насриддинзода дар мусобиқаи Ҷоми солинавии вилояти Липетск аз рӯи бозии шоҳмоти зудҷараён (блитс) ғолиб омад. Дар ин мусобиқа 47 нафар шоҳмотбозон иштирок кардаанд.

«Натиҷаи беҳтаринро миёни занон Марворид Насриддинзода аз Добринка нишон дода, соҳиби 5,5 хол шуд», – хабар дода мешавад дар сомонаи championat48.ru.

Марворид Насриддинзода узви дастаи мунтахаби шоҳмоти Тоҷикистон буда, айни замон рейтингаш миёни шоҳмотбозони кишвар баланд аст. Чанде қабл ӯ ҳамроҳи оилааш мувофиқи барномаи кӯчонидан ба ҷойи зисти доимӣ ба ноҳияи Добринскии вилояти Липетск кӯчид.

Ба иттилои намояндаи Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, шаҳрвандии Русия барои дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ таҳти парчами Тоҷикистон қувваозмоӣ кардани Марворид монеъае эҷод намекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.