Лимити барқ боз 1 соати дигар сабуктар шуд

Шурӯъ аз ҳамин рӯз интиқоли барқ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ боз як соати дигар зиёд шуд. Ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, ки тибқи реҷа бо нерӯи барқ таъмин карда мешавад, шурӯъ аз 6 январ боз як соати дигар зиёд нерӯи барқ интиқол дода мешавад. «Ҳамин тариқ, акнун тамоми минтақаҳои деҳот дар як шабонарӯз 18 соат – аз соати […]

Asia-Plus

Шурӯъ аз ҳамин рӯз интиқоли барқ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ боз як соати дигар зиёд шуд.

Ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, ки тибқи реҷа бо нерӯи барқ таъмин карда мешавад, шурӯъ аз 6 январ боз як соати дигар зиёд нерӯи барқ интиқол дода мешавад.

«Ҳамин тариқ, акнун тамоми минтақаҳои деҳот дар як шабонарӯз 18 соат – аз соати 05:00-и субҳ то 23:00-и шаб нерӯи барқ мегиранд», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик».

Қаблан ширкати «Барқи тоҷик» дар бораи аз 5 январ то ба 17 соат расидани интиқоли нерӯи барқ ба аҳолии минтақаҳо хабар дода буд.

Афзоиши ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ба минтақаҳоро дар ширкати «Барқи тоҷик» ба мавриди истифода қарор гирифтани Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ва ҳамчунин захираи кофии об дар обанбори Норак нисбат медиҳанд.

«Давоми моҳ Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 тадриҷан ба иқтидори лоиҳавӣ баромада, мутаносибан мо ҳам интиқоли барқ ба аҳолӣ дар минтақаҳои деҳотро зиёд кардем», – изҳор дошта буданд дар ширкат.

Ёдрас мекунем, ки реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар Тоҷикистон расман аз 1 ноябри соли равон ҷорӣ гардида, он танҳо ба пойтахт ва шаҳрҳои бузурги ҷумҳурӣ дахл надошт. Нимаи моҳи декабр баъди ба истифода додани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» лимит нахуст 4 соат зиёдтар шуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.