Дар ИДМ бензин дар куҷо аз ҳама арзонтар аст?

Аз бензини бештар арзонтар сокинони Венесуэла, Арабистони Саудӣ ва Туркманистон истифода мекунанд. Нархи миёнаи бензин дар саросари ҷаҳон ба аввали соли равон 0,99 доллар барои 1 литрро ташкил медиҳад. Нархи 1 литр бензин ба ҳисоби миёна дар Венесуэла ба 0,01 $, дар Арабистони Саудӣ – 0,24 $ ва Туркманистон – 0,29 $ баробар аст. Бензини […]

Asia-Plus

Аз бензини бештар арзонтар сокинони Венесуэла, Арабистони Саудӣ ва Туркманистон истифода мекунанд. Нархи миёнаи бензин дар саросари ҷаҳон ба аввали соли равон 0,99 доллар барои 1 литрро ташкил медиҳад.

Нархи 1 литр бензин ба ҳисоби миёна дар Венесуэла ба 0,01 $, дар Арабистони Саудӣ – 0,24 $ ва Туркманистон – 0,29 $ баробар аст. Бензини гаронтарин дар Гонконг (1,93 $), Норвегия (1,83 $) ва Исландия (1,78 $) фурӯхта мешавад.

Нархҳои миёнаи бензин дар кишварҳои ҷаҳон ба санаи 2 январи соли равон дар сомонаи Global Petrol Prices оварда шудаанд, ки аз маълумоти ин сомона Хазинаи байнулмилалии асъор ва ҳамчунин васоити ахбори умуми пешрафтаву маъруфи дунё ба таври густарда истифода мекунанд.

Миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои мустақил бензини арзонтарин дар Қазоқистон (0,43 $ барои 1 литр) фурӯхта мешавад. Нархи миёнаи 1 литр бензин дар Озарбойҷон – 0,46 $, Беларус – 0,60 $, Қирғизистон – 0,61 $, Русия – 0,63 $, Арманистон – 0,77 $, Украина – 0,90 $ ва Ӯзбекистон – 1,03 $-ро ташкил дода, доир ба Тоҷикистон дар ин сомона маълумот оварда нашудааст.

Аммо бо назардошти он, ки имрӯз 1 литр бензини навъи АИ-92 дар Тоҷикистон бо нархи 0,66 $ ва навъи гаронтаринаш (АИ-98) бо арзиши 0,73 $ фурӯхта мешавад, метавон ба хулосае расид, ки нархи миёнаи 1 литр бензин дар кишвари мо 0,69 $-ро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.