Болоравии арзиши сиёҳкунии шишаҳои мошин

Арзиши иҷозатнома барои сиёҳкунии шишаҳои автомашина (тонировка) дар Тоҷикистон аз 1 январи соли равон 25% афзуд. Ин ба болоравии ҳаҷми нишондиҳандаҳо барои ҳисоб аз оғози сол вобаста аст. Сардори шуъбаи назорати техникии Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон Ашӯр Салимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки акнун барои гирифтани иҷозатномаи сиёҳкунии шишаи автомобили истеҳсоли то […]

Asia-Plus

Арзиши иҷозатнома барои сиёҳкунии шишаҳои автомашина (тонировка) дар Тоҷикистон аз 1 январи соли равон 25% афзуд. Ин ба болоравии ҳаҷми нишондиҳандаҳо барои ҳисоб аз оғози сол вобаста аст.

Сардори шуъбаи назорати техникии Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон Ашӯр Салимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки акнун барои гирифтани иҷозатномаи сиёҳкунии шишаи автомобили истеҳсоли то соли 2004 – 2,5 ҳазор (пештар – 2 ҳазор) сомонӣ ва автомашинаҳои истеҳсоли соли 2005 ва баъди он – 3,1 ҳазор (қаблан – 2 ҳазору 480) сомонӣ маблағ мебояд пардохт намуд.

Ба гуфтаи Салимов, афзоиши нархи иҷозатнома барои сиёҳкунии шишаҳои автомашина бевосита ба болоравии ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб аз аввали сол марбут аст.

«Соҳибони автомашинаҳои истеҳсоли то соли 2004 чун пешина барои сиёҳкунии шишаҳо 50 нишондиҳанда барои ҳисоб ва автомашинаҳои истеҳсоли соли 2005 ва баъди он – 62 нишондиҳанда барои ҳисоб пардохт мекунанд», – иброз дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб дар Тоҷикистон аз 1 январи соли ҷорӣ аз 40 то 50 сомонӣ зиёд шуд.

Иҷозатнома барои сиёҳкунии шишаҳои автомобил ба муҳлати як сол дода шуда, хоҳишмандони дароз кардани ин муҳлат бояд бори дигар маблағ пардохт намоянд. Ин маблағҳо аз соли 2010 ба суратҳисоби махсуси сохтмони нерӯгоҳи Роғун гузаронида мешаванд.

Иҷозатнома дар шуъбаҳои Бозрасиии давлатии автомобилӣ дода мешавад. Баъди гирифтани иҷозатнома моликони автомашинаҳо ба тарзи дилхоҳ ва бидуни маҳдудият шишаҳои онро ранг карда метавонанд. Аммо шишаи пеши автомашина бояд шаффоф буда, танҳо ба сиёҳкунии 20 сантиметри болои он иҷозат дода мешавад.

Аз соли 2000 то соли 2010 дар Тоҷикистон сиёҳкунии шишаҳои автомашина манъ буд. Ин ба вазъи иҷтимоиву сиёсӣ дар кишвар ва мубориза бо афзоиши ҷинояткорӣ вобаста буд. Танҳо сарвари давлат, нахуствазир ва раисони ҳарду палатаҳои парлумон ба чунин имтиёз соҳиб буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.