Сабақҳои Тоҷикистон аз қонунгузории нокомил оид ба боигариҳои зеризаминӣ

Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон қонунгузории кишвар дар бораи боигариҳои зеризаминиро такмил доданист, то ки минбаъд аз қаллобиҳо дар ин самт пешгирӣ шавад.

«Комиссияи ҳукумати Тоҷикистон рӯйхати шарт ва талаботҳоро барои ширкатҳое, ки барои иктишоф ва коркард дар ин ё он кон ё макони зуҳуроти канданиҳои фоиданок иҷозатнома мегиранд, омода карда истодааст», – гуфт зимни нишасти хабарии имрӯза сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Мурод Хол.

Ба қавли ӯ, як қатор ширкатҳои беинсофи хориҷӣ иҷозатномаи ҳукумати Тоҷикистонро гирифта, бо роҳи қаллобӣ ва тавсифи муҳити хуби сармоягузорӣ дар Тоҷикистон иҷозатномаҳоро ба ширкатҳои сеюм фурӯхта, ба ин васила пул кор кардаанд.

«Ширкатҳое, ки иҷозатномаҳоро харидаанд, ба Тоҷикистон омада аз фиреб огоҳ шуданд ва маҳз ин масъаларо, ки қонунгузории мо ба хариду фурӯши иҷозатнома бидуни розигии ҳукумат имконият намедиҳад», – гуфт роҳбари Саридораи геология.

Номбурда қайд кард, ки ҳодисаҳои ба ин монанд замонҳои гуногун бо конҳои ангишти «Назарайлоқ» ва «Зиддӣ» рух дода будаанд. Мурод Хол аз номбар кардани номи ин ширкатҳои бевиҷдон худдорӣ кард.

Дар ин робита, изҳор дошт ӯ дар идома, тӯли се соли ахир комиссияи ҳукумат аз додани иҷозатномаҳо худдорӣ мекунад.

Таъкид шуд, ки мутобиқи шартҳои нав, Тоҷикистон муайян кардани муҳлатҳои мушаххаси таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи тайёр аз ҷониби сармоягузоронро ба нақша гирифта, ин лоиҳа минбаъд бояд аз ҷониби мутахассисони тоҷик маъқул шуморида шавад ва ҳамчунин ҳукумат бо тамоми шарту талаботҳо қонуни нав дар бораи боигариҳои зеризаминиро омода карданист, ки даҳсолаҳо ба некӯаҳволии мардуми тоҷик хизмат кунад.

Зимнан зикр гардид, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон рӯйхати 90 кон ва макони зуҳуроти канданиҳои фоиданок, ҳамчунин 10 кони аллакай тайёр барои коркард омода шуда, баъди тасдиқ шудани шартҳо ва талаботҳои нав ба сармоягузорон, ҷиҳати дастрасии иҷозатномаҳо барои иктишоф ва коркарди конҳо ва макони зуҳуроти канданиҳои фоиданок тендер эълон мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...