Дастури барқарор кардани хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбе ва Хоруғ

Asia-Plus

Раҳбарияти ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» назди худ мақсад гузоштааст, ки парвози ҳавопаймоҳи тариқи хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанберо барқарор намояд.

«Бо супориши ҳукумати ҷумҳурӣ мо дар ин самт фаъолона кор карда истодаем. Мо назди худ мақсад гузоштаем, ки парвози ҳавопаймоҳо бо ин хатсайрро ҳарчи зудтар барқарор созем», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз ҶСК «Тоҷик Эйр».

Дар ширкати ҳавопаймоӣ зикр карданд, ки Хоруғ яке аз самтҳои аз нигоҳи стратегӣ муҳим ба шумор меравад.

«Мо инро ба хубӣ дарк мекунем ва ҳаллу фасли мусбати ин масъала айни замон ба омодагии техникии ҳавопаймои АН-28 вобаста аст. Ин масъалаи молиявӣ буда, албатта бояд роҳи ҳалли худро пайдо кунад, вале барои мо таъмини бехатарии парвозҳо ба ин самт низ муҳим аст», – гуфт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки аввали моҳи октябри соли гузашта ширкати «Тоҷик Эйр» парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе – Хоруғ – Душанберо муваққатан боздошта, сабаби онро анҷом додани корҳои зарурии техникӣ дар ҳавопаймои Ан-28 унвон кард.

Ҳамчунин мебояд гуфт, ахиран ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвозҳо бо хатсайри Душанбе – Хоруғ – Душанберо тариқи ягона ҳавопаймоҳои боқимонадаи АН-28 анҷом медиҳад, ки барои ин иҷозатномаи дахлдор дорад. Дигар навъҳои ҳавопаймоҳои ширкат бо сабаби релйефи душвори кӯҳистон чунин парозҳоро анҷом дода наметавонанд.

Файзулло Сатторов, муовини директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» соли гузашта ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуда буд, ки парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе – Хоруғ яке аз душвортарин дар ҷаҳон аст

«Сарфи назар аз ин душвориҳо, аз нигоҳи иқтисодӣ ин хатсайр даромад наоварда, зиёновар аст. Ба ҷуз ду ҳавопаймои навъи Ан-28, мо дигар ҳавопаймоҳоро дар ин самт истифода бурда наметавонем», – иброз дошта буд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...