«Тоҷик Эйр» парвози ҳавопаймоҳо ба Хоруғро зиёд мекунад

Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» шумори парвозҳо ба самти Хоруғ тариқи ҳавопаймои навъи «Ан-28»-ро зиёд карда, дар як рӯз ба маркази маъмурии ВМКБ ва аз он ҷо ба пойтахт се парвоз анҷом дода мешавад. Иҷрокунандаи вазифаи котиби матбуотии ширкати ҳавопаймоӣ Мунавар Муллочаев ба Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин иқдом бо дастури президенти […]

Меҳрангез Турсунзода



Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» шумори парвозҳо ба самти Хоруғ тариқи ҳавопаймои навъи «Ан-28»-ро зиёд карда, дар як рӯз ба маркази маъмурии ВМКБ ва аз он ҷо ба пойтахт се парвоз анҷом дода мешавад.

Иҷрокунандаи вазифаи котиби матбуотии ширкати ҳавопаймоӣ Мунавар Муллочаев ба Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин иқдом бо дастури президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рафъи оқибатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Шуғнону Ванҷ ва ҳамчунин қонеъ кардани талаботи хизматгузорӣ ба аҳолӣ амалӣ мешавад.

Муллочаев таъкид дошт, ки шарти ягонаи анҷом пазируфтани парвоз тариқи ин хатсайр обуҳавои мусоиди тобистона аст.

Ёдрас мекунем, ки аввали ҳамин моҳ як гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон

дархост карда буданд,

ки ба ҳаллу фасли масъалаи ба тартиб овардану танзими кори хатсайрҳои ҳавоии Душанбе – Хоруғ – Душанбе мусоидат намояд.

Дар муроҷиат бо имзои беш аз 140 нафар шаҳрвандони кишвар аз президент дархост шуда буд, ки ба роҳандозии парвози мунтазами ҳавопаймоҳо тариқи ин хатсайр, беҳбуди сифат ва амнияти онҳо ва ҳамчунин муқаррар шудани нархи дастрас ба билетҳо бо назардошти қобилияти пардохтпазирии аҳолӣ мусоидат кунад.

Зикр гардида буд, ки айни замон ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвозҳо бо хатсайри Душанбе – Хоруғ – Душанберо тариқи ҳавопаймоҳои АН-28 анҷом медиҳад. «Масъулони бахши авиатсионии кишвар тасдиқ мекунанд, ки ин ҳавопаймоҳо ба ҳамаи талаботи меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯянд, вале дар амал парвоз бо ин ҳавопаймоҳо торафт хатарнок мешаванд», – қайд шуда буд дар муроҷиатнома.

Дар ҳамин ҳол, Файзулло Сатторов, муовини директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Душанбе – Хоруғро яке аз мушкилтарин дар ҷаҳон номида, таъкид дошт, ки сарфи назар аз ин душвориҳо, аз нигоҳи иқтисодӣ ин хатсайр даромад наоварда, зиёновар аст. «Ба ҷуз ду ҳавопаймои навъи Ан-28, мо дигар ҳавопаймоҳоро дар ин самт истифода бурда наметавонем», – гуфт номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.