Истихроҷи тилло дар Тоҷикистон ду баробар зиёд шуд

– Дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2014 ҳаҷми истихроҷи тилло дар Тоҷикистон тӯли 6 моҳи соли равон қариб ду баробар зиёд шуд, – иттилоъ дод вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода зимни нишасти хабарии рӯзи 23 июл. Аммо вазир аз ифшои нишондиҳандаи ҳаҷми тиллои истихроҷшуда давоми моҳҳои январ-июни соли 2015 дар ҷумҳурӣ […]

Пайрав Чоршанбиев



– Дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2014 ҳаҷми истихроҷи тилло дар Тоҷикистон тӯли 6 моҳи соли равон қариб ду баробар зиёд шуд, – иттилоъ дод вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода зимни нишасти хабарии рӯзи 23 июл.

Аммо вазир аз ифшои нишондиҳандаи ҳаҷми тиллои истихроҷшуда давоми моҳҳои январ-июни соли 2015 дар ҷумҳурӣ худдорӣ варзида, қайд кард, ки маълумот доир ба ин металл мутобиқи «низоми махсус» пешниҳод мешавад.

Дар ҳамин ҳол, моҳи июли соли гузашта

Бобозода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода буд,

ки нимсолаи аввали соли 2014 дар Тоҷикистон 1 ҳазору 141,1 кило тилло истеҳсол карда шудааст.

Бо назардошти ин маълумот, метавон тахмин зад, ки нимсолаи аввали соли 2015 дар ҷумҳурӣ ҳудуди 2 ҳазору 280 кило тилло истеҳсол шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.