Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарии шабакаи телевизионии «Сафина» баргузор мешавад. Оғоз соати 11-00;

– Дар бинои Маркази ҷумҳуриявии санитарию эпидемиологӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ доир мегардад. Оғоз соати 11-00;

– Дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон доир ба натиҷаҳои фаъолияти Палата дар соли 2016 нишасти хабарӣ доир мегардад. Оғоз соати 08-40.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8809 сомонӣ;

1 евро – 8.3380 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1292 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1569 — Дар Лондон бори нахуст дар таърих бозии лотереяи давлатӣ гузаронида шуд.

1931 — Ташкили Бюрои тадорукотии Иттиҳодияи нависандагони пролетарии Тоҷикистон.

1964 — Сарҷарроҳи ИМА Лютер Терри бори нахуст эълон кард, ки тамокукашӣ барои саломатӣ зараровар аст.

1994 — Дар Русия бори нахуст пас аз пошхӯрии ИҶШС Маҷлиси Федералӣ – мақоми олии (парламент) кишвар ба фаъолият оғоз кард.

1999 — Корпоратсияи Intel истеҳсоли микропротсессорҳои Intel Pentium (R) III.-ро маблағгузорӣ намуд.

2001 — Таъсиси Вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

1915 — Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Маҳмадёқуб Маҳмадюсуфов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +2+7; дар доманакӯҳҳо шабона -11-16, рӯзона -1-6.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона -3+2.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -9-14, рӯзона -1-6; дар шарқ шабона -15-20, рӯзона -6-11.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона -10-15, рӯзона 0-5. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +13+15.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +8+10.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +13+15.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -8-10, рӯзона -1-3.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...