200 млн. $ сармоягузории хориҷиён ба сохтмони иқтидорҳои нав дар Тоҷикистон

Asia-Plus

Соли равон дар Тоҷикистон аз ҳисоби сармоягузориҳои хориҷӣ сохтмони 9 корхонаи истеҳсолии нав дар назар буда, сармоягузорони хориҷӣ баҳри бунёди ин иншоот дар маҷмӯъ ба беш аз 200 млн. доллар маблағгузорӣ омодаанд.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, соли гузашта дар Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ ба маблағи умумии 2 млрд. 67 млн. доллар 10 корхонаи бузурги истеҳсоли бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудааст.

Гуфта мешавад, айни замон бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ бо 11 ширкати хориҷӣ гуфтушунидҳо ҷараён доранд.

Тибқи маълумоти Кумита, тӯли 9 моҳи соли 2016 ба иқтисоди Тоҷикистон дар ҳаҷми 650 млн. доллар сармоягузориҳои хориҷӣ ҷалб шудааст, ки 355 млн. доллари он маблағгузории мустақими сармоягузорони хориҷӣ мебошад

«Саҳми Кумита ҷиҳати ҳалли масъалаи рушди корхонаҳои воридоти ивазкунанда тавассути ҷалби сармояи мустақим назаррас нест», – қайд мекунанд дар Кумита.

Зикр мегардад, ки ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба масъалаи таҷдиди неругоҳҳои барқи обии “Норак”, “Қайроқум”, бунёди неругоҳҳои барқи обии “Шӯроб”, “Нуробод – 1”, “Нуробод – 2”, “Айнӣ”, “Фондарё”, “Санобод” ва “Себзор” вазифаҳои мушаххас гузошта, дар иҷрои ин вазифаҳо сохторҳои Кумитаро мебояд, ки кори худро фаъол намоянд.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки Тоҷикистон бо 37 кишвари дунё созишномаҳо оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориро ба имзо расонида, ҳоло корҳо оид ба таҳияи лоиҳаҳои чунин созишномаҳо бо 6 давлати дигар идома доранд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.