HRW доир ба якбора бад шудани вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Дар гузориши нави созмони мудофеи ҳуқуқи башар Human Rights Watch (HRW), ки шоми 12 январ нашр шуд, омадааст, вазъи Тоҷикистон дар соли 2016 якбора бад шуд. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, муҳаққиқони ин созмон навиштаанд, сабаби ин вазъ дар басташавии Ҳизби наҳзати исломӣ, зиндонӣ шудани вакилони дифоъ ва мунаққидони давлат ва тағйири […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Дар гузориши нави созмони мудофеи ҳуқуқи башар Human Rights Watch (HRW), ки шоми 12 январ нашр шуд, омадааст, вазъи Тоҷикистон дар соли 2016 якбора бад шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, муҳаққиқони ин созмон навиштаанд, сабаби ин вазъ дар басташавии Ҳизби наҳзати исломӣ, зиндонӣ шудани вакилони дифоъ ва мунаққидони давлат ва тағйири Қонуни асосӣ аст, ки дар натиҷаи он, президент Эмомалӣ Раҳмон тамоми умр дар сари қудрат боқӣ мемонад.

Гуфта мешавад, муаллифони гузориш қайд кардаанд, ки пайвандони мунаққидони режими Тоҷикистон, ки дар хориҷ ба сар мебаранд, борҳо аз сӯи "шаҳрвандон" фишор дида, маъракаи маҳдудсозии озодиҳои динӣ аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон давом кардааст.

Зимнан зикр мегардад, ки ин созмон изҳор доштааст, ки аз миёнаҳои соли 2015дар Тоҷикистон 150 фаъол бо қазияҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ боздошт шудаанд.

Дар давоми соли гузашта ҳам, ба қавли муҳаққиқони HRW, дар Тоҷикистон расонаву шабакаҳои хабаррасони мисли Фейсбук, Радиои Озодӣ масдуд шуда, нашрияи “Нигоҳ” барои чопи иштибоҳии вожаи “президент” баста шуд.

Радиои Озодӣ дар ин робита менависад, зери фишори гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ва ҳукуматҳои мухталиф, мақомоти Ҷумҳурии Беларус фаъоли “Гурӯҳи 24” Шабнам Худойдодоваро баъди 8 моҳи боздошт раҳо карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.