Баъди 3 сол шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон ба формати HD мегузаранд

Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон изҳор медорад, ки то соли 2020 ҳамаи 6 шабакаи давлатии телевизиони Тоҷикистон ба формати HD мегузаранд. Директори ҶСК «Телерадиоком» Хуршед Ҳабибов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон танҳо шабакаи телевизиони «Варзиш» бо ин формат барнома пахш намуда, соли равон шабакаи ТВ «Синамо» низ ба чунин […]

Mавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон изҳор медорад, ки то соли 2020 ҳамаи 6 шабакаи давлатии телевизиони Тоҷикистон ба формати HD мегузаранд.

Директори ҶСК «Телерадиоком» Хуршед Ҳабибов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон танҳо шабакаи телевизиони «Варзиш» бо ин формат барнома пахш намуда, соли равон шабакаи ТВ «Синамо» низ ба чунин тарзи пахши барномаҳо гузаронида мешавад ва бо ин мақсад «Телерадиоком» аллакай тамоми таҷҳизоти зарурӣ аз Австралияро омода кардааст.

Раиси Кумитаи телевизон ва радиои ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Пиров қайд кард, ки имсол дар шабакаҳои телевизион барномаҳои таҳлилӣ зиёд шуда, аз ҳаҷми умумии барномаҳо то ба 60% расонида мешаванд.

«Айни замон доир ба гирифтани иҷозатномаи фаъолият дар бахши телевизиону радио 17 дархост ба Кумита ворид шуда, аз Душанбе танҳо 1 дархост барои ифтитоҳи шабакаи телевизиони «Ҳафтранг» мавҷуд аст», – иброз дошт ӯ. – Мо ин дархостҳоро ба баррасии комиссияи иҷозатномадиҳӣ пешниҳод кардем ва масъалаи ба кадоме аз онҳо иҷозатнома доданро ин комиссия ҳаллу фасл мекунад».

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон 6 шабакаи давлатии телевизион – «Шабакаи аввал», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Варзиш», «Синамо» шабака барои кӯдакони «Баҳористон» фаъолият мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.