Мусодираи 458 кг мухаддарот тӯли як соли охир дар Суғд (чандрасонаӣ)

Дар давоми соли 2016 сохторҳои қудратӣ дар шимоли кишвар 458 килограмм воситаҳои нашъадорро ошкор ва мусодира кардаанд, ки беш аз 20 килограмми онро маводи сахттаъсири ҳероин ташкил медиҳад. Бино ба иттилои кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд, ин миқдори умумӣ нисбат ба як соли қаблӣ 30 килограмм зиёд мебошад. Қисме […]

Афзал БОСОЛИЕВ, махсус барои ASIA-Plus

Дар давоми соли 2016 сохторҳои қудратӣ дар шимоли кишвар 458 килограмм воситаҳои нашъадорро ошкор ва мусодира кардаанд, ки беш аз 20 килограмми онро маводи сахттаъсири ҳероин ташкил медиҳад. Бино ба иттилои кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд, ин миқдори умумӣ нисбат ба як соли қаблӣ 30 килограмм зиёд мебошад.

Қисме аз мухаддароти мусодирашуда, ки вазнаш 123 килограмм буд, чанде пеш бо роҳи сӯзонидан дар тафдони махсуси Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд нобуд карда шуд. Аз ҷараёни он ҳайати комиссияи махсус иборат аз намояндагони сохторҳои қудратии вилоят назорат бурданд.

Тавре мутасаддиёни соҳа мегӯянд, танҳо аз ҷониби Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар давоми соли 2016 барои даст доштан ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор 59 нафар боздошт шудаанд, ки синни онҳо аз 30 боло мебошад. Ҳамзамон 12 нафар дар кофтукови расмӣ қарор доранд. Дар ин давра занон ва ноболиғон ба қайд гирифта нашудаанд.

Дар баробари сохторҳои дигари дахлдор, соли 2016 инчунин кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия 1,30 килограмм ва кормандони ШВКД дар нақлиёт 733 грамм воситаҳои нашъадорро зимни фаъолияти кориашон ошкор ва мусодира кардаанд.

Дар соли сипаришуда аз тарафи муфаттишони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар ба судҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд 38 парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдорӣ ирсол гардида, парвандаҳои дигар дар марҳилаи тафтиш қарор доранд.

Масъалаи дигари ташвишовар гирифторӣ ба бемории нашъамандӣ дар ҳудуди вилоят арзёбӣ мешавад. Бино ба иттилои масъулин, 85 нафар мубталоёни нави ин беморӣ дар соли 2016 ошкор ва ба қайд гирифта шуданд, ки ин шумора дар як соли пеш низ ҳамин миқдор буд.

Масъулин мегӯянд, ки бо мақсади пешгирӣ аз нашъаҷаллобию нашъамандӣ байни аҳолӣ ҳар гуна мулоқоту чорабиниҳо баргузор мекунанд, вале дар баробари ин ҳар як нафар бояд ба ин масъала бетараф набошад ва саҳми худро дар мубориза бар зидди чунин амалҳои номатлуб гузорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.