ХМК: имсол низ нархи обро боло мебарем

Соли равон дар Тоҷикистон тарифҳо барои истифодаи об ва баровардани партов 10% зиёд мешаванд. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ роҳбари КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» (ХМК) Алимурод Исломзода хабар дод. Аз 1 марти соли 2016 тарифҳои истифодаи об барои аҳолӣ, ҳамчунин субъектҳои хоҷагидорӣ ва корхона тиҷоратӣ 10% афзуда, аз 1 июли соли гузашта тарифҳои истифодаи […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Соли равон дар Тоҷикистон тарифҳо барои истифодаи об ва баровардани партов 10% зиёд мешаванд. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ роҳбари КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» (ХМК) Алимурод Исломзода хабар дод.

Аз 1 марти соли 2016 тарифҳои истифодаи об барои аҳолӣ, ҳамчунин субъектҳои хоҷагидорӣ ва корхона тиҷоратӣ 10% афзуда, аз 1 июли соли гузашта тарифҳои истифодаи об барои корхонаву идораҳои буҷетӣ низ зиёд шуданд.

Болоравии тарифҳо ба истифодаи об ва баровардани партовро раҳбарияти корхонаи ХМК ба коҳиши қурби сомонӣ нисбати доллар ва афзоиши нархи нерӯи барқ нисбат медиҳад.

Ба гуфтаи А.Исломзода, имрӯз аҳолӣ барои ҳар як метри мукааби об 83 дирам пардохт мекунанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки арзиши аслии вокеъии 1 метри мукааби он 2,3 сомониро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр гардид, ки соли 2016 ҳаҷми маблағи хизматгузориҳои бахши хоҷагии манзилию коммуналии ҷумҳурӣ 59 млн. 566 ҳазору 600 сомониро ташкил додааст, ки ба 117,5%-и нақшаи пешбинишуда баробар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.