Шаҳрдори мардумӣ

Asia-Plus

Сокинони пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоевро шаҳрдори мардумӣ номида, бо огоҳ гардидан аз вазифа рафтани ӯ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати собиқ шаҳрдор бисёр назарҳои мусбат баён дошта, аз ӯ изҳори ташаккур намуданд.

Журналист Раҷаби Мирзо дар ин робита гуфтааст, 12-уми январ дар рӯзи барканории Убайдуллоев нафарони зиёде ба ӯ занг задаанд ва суол карданд, ки акнун чӣ мешавад: “"Ҳеч чиз намешавад, агар манзуратон ин бошад, ки Убайдуллоев кадом иқдоми сиёсӣ анҷом медиҳад”.

Ҳамкории Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҷомеаи шаҳрвандиро Раҷаби Мирзо беҳтарин хизмату дастоварди собиқ раиси пойтахт номида, зикр кардааст, ки «ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандиро Маҳмадсаид Убайдуллоев яке аз ниҳодҳои пурқуввати идоракунии давлатӣ медонист».

«Ахиран Маҳмасдад Убайдуллоев ба садои мардум ва ҷомеа гӯш дода, бо сокинони пойтахт ҳарчи бештар наздик будан мехост ва ҳеҷ кадоме аз арзу шикоятҳои онҳоро бепосух намегузошт», – чунин изҳори андеша кардааст дар яке аз ВАО коршинос Абдумалик Қодиров.

Ба ҳар ҳол, ба унвони собиқ мири шаҳр дар шабакаҳои иҷтимоӣ интиқод ҳам вуҷуд дошт. Чанде аз корбарон хотиррасон намуданд, ки маҳз замони роҳбарии ӯ чандин иншооти таърихии пойтахт кӯчонида ва чинорҳои кӯҳан бурида шуданд.

Бо вуҷуди барканор шудан аз вазифаи раиси шаҳри Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев то ҳанӯз шахси дуюми давлат боқӣ мемонад. Моҳи августи соли 2015 ӯ такроран ба вазифаи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон (палатаи болоии парлумон) интихоб шуд.

Дар шарҳи таъиноти нав хадамоти матбуоти сарвари давлаит таъкид дошт, ки «ҳамаи кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ ва масъули шаҳри Душанбе таъин гардиданд, ҷавону корозмуда, донандагони забони хориҷӣ буда, дар фаъолияти худ дар соҳаҳои гуногун дараҷаи баланди касбият, малакаи хуби роҳбарӣ нишон дода, дар ҷомеа соҳиби обрӯ ва эҳтиром гардидаанд».

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, субҳи рӯзи 12 январ дар ҷаласаи шаҳр, ки бо ширкати аъзои ҳукумат, фаъолон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии пойтахт ҷараён гирифт, расман хабари аз мақом озод шудани Убайдуллоев эълон шуд.

Убайдуллоев гуфтааст, ки сиёсати ҳукумати Тоҷикистон ба пуштибонии мутахассисони ҷавон нигаронида шудааст ва таъйиноти Рустами Эмомалӣ ҳам дар чаҳорчӯби ҳамин сиёсат сурат мегирад. Ӯ аз ҳамаи ҳозирин барои ҳамкорӣ ташаккур ва ҳамчунин аз онҳое узрхоҳӣ кардааст, ки дар ҷараёни кор аз ӯ озурда шудаанд.

Дар суханронии худ Рустами Эмомалӣ гуфтааст, ки дар мақоми нав корро дар самти ҳалли мушкилоти пойтахт тақвият медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...