Тоҷикистонро обуҳавои сард фаро мегирад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ ҳушдор медиҳад, ки дар Тоҷикистон обуҳаво якбора сард мешавад. Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, ҳарорат дар Помир баъзан то 50 дараҷа хунук мешавад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, то 17 январ дар қаламрави мавзеи доманакӯҳи навоҳии тобеи марказ, вилояти Суғд ва Вилояти […]

Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ ҳушдор медиҳад, ки дар Тоҷикистон обуҳаво якбора сард мешавад. Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, ҳарорат дар Помир баъзан то 50 дараҷа хунук мешавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, то 17 январ дар қаламрави мавзеи доманакӯҳи навоҳии тобеи марказ, вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон якбора хунукшавиии ҳаво дар назар буда, дар роҳҳои мошингарди манотиқи кӯҳистон яхбандӣ ва барфрезиҳо аз эҳтимол дур нест.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, имрӯз дар ғарби ВМКБ ҳаво шабона аз 12 то 17 дараҷа, дар баъзе ҷойҳо то 20-25 ва рӯзона аз 8 то 13 дараҷа хунук ва дар шарқи ин вилоят шабона 30-35, дар баъзе ҷойҳо то 40 дараҷа ва рӯзона аз 18 то 23 дараҷа хунук хоҳад шуд. Дар минтақаи Булункул аз 49 то 51 дараҷа сардӣ пешгӯйӣ мешавад.

Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро огоҳ мекунад, ки бидуни зарурат аз сафар тариқи роҳҳои кӯҳистон худдорӣ варзанд.

«Ҳамчунин бечуну чаро риоя кардани қоидаҳои бехатарии сӯхтор ҳангоми истифодаи таҷҳизоти барқӣ зарур буда, тавсия дода мешавад, ки шомгоҳон ва шабона бидуни зарурат ба кӯча набароед», – тавсия медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Гуфта мешавад, ба роҳбарони ташкилоту корхонаҳо тавсия дода шудааст, ки ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва ҳолатҳои фавқулода тадбирҳои муассир андешанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.