Сафир: Озодии динӣ яке аз ормонҳои арзишдори ИМА аст

Asia-Plus

Ҳамасола санаи 16 январ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Рӯзи ҷаҳонии озодии динӣ (Religious Freedom Day) ҷашн гирифта мешавад. Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард доир ба ин ормони арзишдори кишвараш чанде аз андешаҳои худро баён кардааст.

«Озодии динӣ яке аз ормонҳои арзишдори Амрико ва меъёри марказии демократияи мо мебошад», – қайд кардааст сафир дар мақолааш.

Ӯ зикр мекунад, ки дар ИМА эҳтироми бисёрсола нисбати озодии виҷдон вуҷуд дорад. Дар ҳамин ҳол, Миллард таъкид месозад, ки дар ҷомеаҳои бисёр пайравӣ кардани ин ормон ба осонӣ намеояд.

«Тахминан дар 24% давлати ҷаҳон, ки дар он 74% аҳолии замин зиндагӣ дорад, маҳдудиятҳои назаррас дар масоили озодии динӣ вуҷуд дорад. Тадқиқот нишон медиҳад, ки дар сурати риоя накардани ҳуқуқҳои инсон аз ҷониби ҳукумат, аз он ҷумла озодии динӣ, роҳ барои тундгароишавии шаҳрвандон кушода мешавад ва дар натиҷа баъзе табақаҳои аҳолӣ барои паёмҳои экстремистӣ ва васвасаи ҳамроҳ шудан ба созмонҳои экстремистии хушунатомез осебпазир мешаванд», – қайд кардааст дипломати амрикоӣ.

Ба навиштаи ӯ, барои ҳифз аз чунин ифротгароӣ ва татбиқи пайравӣ аз гуногуншаклии динӣ Иёлоти Муттаҳидаи фаъолона талош дорад, то ҳифзи озодии диниро ба дипломатияи кишвараш ворид кунад.

«Ҳукумати мо мутмаин аст, ки озодии динӣ барои таҳкими демократия ва ҳар намуди озодӣ омили асосӣ мебошад. Дар давлатҳое, ки озодии диниро тарафдорӣ мекунанд, дар байни манфиатҳои дигар, аҳолии солимтар, имкониятҳои бештар барои гирифтани маълумот барои занон ва инчунин даромади баландтар ба назар мерасад», – таъкид доштааст Миллард.

Дипломат изҳор мекунад, ки Иёлоти Муттаҳидаи омода аст бо дӯстону шарикони худ ҷиҳати дастгирии плюрализму гуногуншаклии динӣ кӯшиш ба харҷ диҳад.

«Мо боварӣ дорем, ки озодии динӣ барои таъмини баробарҳуқуқӣ, субот ва пешравӣ омили калидӣ мебошад», – илова кардааст сафири ИМА.

Қобили зикр аст, ки моҳи апрели соли гузашта Департаменти давлатии ИМА бори нахуст Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳое шомил кард, ки дар онҳо озодиҳои динии шаҳрвандон поймол мешаванд. Дар ин рӯйхат ҳамчунин Мянма, Чин, Эритрея, Эрон, Кореяи Шимолӣ, Судон, Арабистони Саудӣ, Турманистон ва Ӯзбекистон низ дарҷ ёфта буданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.