«Помир энержи» дар ВМКБ лимит ҷорӣ карданист

Директори генералии ширкати «Помир энержи» Далер Ҷумъаев ба рӯзноманигорон хабар дод, ки бар асари сардии шадид ва ду баробар кам шудани маҷрои об дар дарёи Ғунд, ки ба таъмини бо иқтидори пурра кор кардани нерӯгоҳи барқи обии «Помир-1» ва «Хоруғ» имкон намедиҳад, ширкат маҷбур хоҳад шуд, ки интиқоли нерӯи барқро ба муддати 4 соат кам […]

Asia-Plus

Директори генералии ширкати «Помир энержи» Далер Ҷумъаев ба рӯзноманигорон хабар дод, ки бар асари сардии шадид ва ду баробар кам шудани маҷрои об дар дарёи Ғунд, ки ба таъмини бо иқтидори пурра кор кардани нерӯгоҳи барқи обии «Помир-1» ва «Хоруғ» имкон намедиҳад, ширкат маҷбур хоҳад шуд, ки интиқоли нерӯи барқро ба муддати 4 соат кам кунад.

Аммо дар машварати назди раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ин пешниҳоди ширкат дастгирӣ наёфта, зикр гардидааст, ки дар навбати аввал «Помир энержи» бояд истеъмолгарони ватаниро бо нерӯи барқ таъмин созад.

«Бо сабаби чандин маротиба қатъ шудани интиқоли барқ, дар пойгоҳи обкашии низоми обу корези шаҳри Хоруғ садамаҳо рух дода, низомҳои обтаъминкунии сокинони шаҳр ях бастанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки ширкат ба интиқоли барқ ба вулусволиҳои ҳамсояи вилояти Бадахшони Афғонистон идома медиҳад», – таъкид доштааст раиси ВМКБ. – Ба интиқоли барқ ба ҳамсояҳоямон мо муқобил нестем, лекин ширкат уҳдадор аст, ки дар навбати аввал амнияти энергетикии шаҳрвандони худро таъмин намояд».

Дар навбати худ директори генералии «Помир энержи» изҳор намуд, ки соли 2016 ҳаҷми интиқоли барқ ба вулусволиҳои кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳамагӣ 4,7 мл. кВт/соат ё худ 2,5% аз ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшударо ташкил дода, аз ин ҳисоб ширкат 1,3 млн. сомонӣ даромад гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, бо вуҷуди ҳар сол афзоиш ёфтани иқтидорҳои нав ва беҳбуди сифати таъмин бо барқ, маблағи қарз аз истифодаи барқ дар ВМКБ афзуда, ба аввали соли ҷорӣ қариб 5 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2015 қариб ду баробар зиёдтар мебошад.

«Қарздорони асосӣ аз истифодаи барқ ташкилотҳои буҷетӣ – қисмҳои низомии Қушӯнҳои сарҳадӣ (2,2 млн. сомонӣ), идораи обу корези ВМКБ (1,6 млн. сомонӣ), қисмҳои низомии Вазорати мудофиа (679 ҳазор сомонӣ), Раёсати корҳои дохилии вилдоят (16 ҳазор сомонӣ), шаҳрдории Хоруғ (715 ҳазор сомонӣ) ва ноҳияи Роштқалъа (25 ҳазор сомонӣ) мебошанд», – зикр кард Далер Ҷумъаев.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон: дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Ба муносибати ҷашн шаҳрдории Душанбе барномаи васеи чорабиниҳо омода кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.