Суқути ҳавопаймо дар Бишкек ва ҳалокати беш аз 30 нафар

Бар асари суқути як ҳавопаймои борбари ширкати Turkish Airlines дар атрофи Фурудгоҳи байналмилалии Бишкек – пойтахти Қирғизистон, ҳадди ақал 20 нафар ба ҳалокат расидаанд. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, аксари қурбониёни ин ҳодиса, сокинони маҳалӣ ҳастанд ва дар миёни онҳо 6 кӯдак низ мебошанд. Як халабони ин ҳавопаймо низ дар ин ҳодиса кушта шудааст. Тибқи […]

Радиои Озодӣ

Бар асари суқути як ҳавопаймои борбари ширкати Turkish Airlines дар атрофи Фурудгоҳи байналмилалии Бишкек – пойтахти Қирғизистон, ҳадди ақал 20 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, аксари қурбониёни ин ҳодиса, сокинони маҳалӣ ҳастанд ва дар миёни онҳо 6 кӯдак низ мебошанд. Як халабони ин ҳавопаймо низ дар ин ҳодиса кушта шудааст. Тибқи бархе гузоришҳо, дар ин ҳодиса 32 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки 28 нафари онҳо сокинони маҳаллӣ мебошанд.

Гуфта мешавад, дар пайи ин садама Фурудгоҳи байналмилалии Манас ба таври муваққатӣ баста шудааст. Мақомоти қирғиз гуфтанд, ки ҳавопаймои навъи Boeing 744 субҳи рӯзи душанбеи 16 январ чанд километр дуртар аз Фурудгоҳи байналмилалии Манас дар минтақаи Дача-Сууи ноҳияи Сокулукси вилояти Чуй суқут кардааст. Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, ин ҳавопаймо аз Ҳонконг роҳии Истанбул буд ва мехост дар Фурудгоҳи байналмилалии Манас маводи сӯхт бигирад.

Дафтари матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Манас гуфтааст, ки ҳавопаймо дар як минтақаи аҳолинишин суқут кардааст ва ҳадди ақал 23 хона ба коми оташ рафтаанд. Талошҳои барои хомӯш кардани оташ, ки бар асари суқути ҳавопаймо ба миён омадааст, идома дорад. Муовини нахуствазири Қирғизистон Муҳаммадқали Абулғозиев ва вазири ҳолатҳои фавқулоддаи он кишвар Қувватбек Боронов ба ҷои ҳодиса рафтаанд.

Ба гуфтаи мақомоти қирғиз, теъдоди қурбониёни ин садамаи маргбор метавонад, ки афзоиш биёбад. Дар ҳоли ҳозир панҷ нафари дигар дар бемористон бистарӣ мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.