Рустами Эмомалӣ ба ивази кадрҳои кӯҳна пардохт

Раиси нави шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ивази кадрҳо дар мақомоти шаҳрдории пойтахт пардохт. Бо дастури нахусти раиси нави шаҳр, собиқ роҳбари ТВ "Тоҷикистон, рӯзноманигори варзида  Суҳроб Рауфов директори телевизиони "Пойтахт" таъин шуд. Дар ин вазифа ӯ Шавкат Саидовро иваз намуд, ки то замони таъин шудан ба вазифаи директори телевизиони «Пойтахт» моҳи апрели соли 2015, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси нави шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ивази кадрҳо дар мақомоти шаҳрдории пойтахт пардохт.

Бо дастури нахусти раиси нави шаҳр, собиқ роҳбари ТВ "Тоҷикистон, рӯзноманигори варзида  Суҳроб Рауфов директори телевизиони "Пойтахт" таъин шуд.

Дар ин вазифа ӯ Шавкат Саидовро иваз намуд, ки то замони таъин шудан ба вазифаи директори телевизиони «Пойтахт» моҳи апрели соли 2015, муддати чандин сол ба ҳайси котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолият мекард.

Қобили зикр аст, ки шабакаи телевизиони “Пойтахт” аз соли 1996 ба пахши барномаҳои худ шурӯъ намуда, баъди 10 сол, соли 2006 бо фармони Маҳмадсаид Убайдуллоев шабакаи давлатӣ шуд.

Сӯҳроб Рауфов муддати зиёд дар шабакҳои телевизон ва радиоҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла телевизиони “Ҷаҳоннамо”, радиои “Садои Душанбе”, телевизиони “Тоҷикистон” фаъолият кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.