Нақшаҳои генералии 39 шаҳру навоҳӣ тасдиқ шуданд

Asia-Plus

Нақшаҳои генералии 39 шаҳру навоҳӣ бозбиниву тасдиқ шуда то охири соли ҷорӣ нақшаи генералии ҳамаи 65 шаҳру ноҳия ва тасҳеҳ ва таҳия мешаванд.

«Соли гузашта Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ба маблағи 11 млрд. 74 млн. 773 ҳазор сомонӣ сармоягузориҳоро азхуд намуда, аз он дар ҳаҷми 4 млрд. 968 млн. 821 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуданд ва ҳаҷми иҷрои корҳои сохтмону насб 8 млрд. 139 млн. 564 ҳазор сомониро ташкил дод», – гуфт зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ Ҷамшед Аҳмадзода.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта 1 млн. 170 ҳазору 277 метри мураббаъ манзили зист, мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо 9146 ҷойи нишаст, дармонгоҳҳо барои ташхису муолиҷаи 1231 нафар беморон, бемористонҳо бо 745 кат ва муассисаҳои томактабӣ барои 1089 кӯдакон мавриди истифода қарор гирифтанд.

Ғайр аз ин, зикр кард ӯ, соли гузашта дар беш аз 1 ҳазор иншооти саросари кишвар зиёда аз 3 ҳазор санҷишҳои сифати корҳои сохтмону насб гузаронида шуда, маблағи ҷаримабандӣ аз рӯи камбудиҳои ошкоршудаи онҳо 508 ҳазор сомониро ташкил додааст.

«Соли гузашта 337 корхонаи сохтмон барои гирифтани иҷозатномаи давлатӣ барои сохтмон муроҷиат карда, ба 305-тои онҳо иҷозатнома дода шуд, – қайд кард ӯ. – Дар ин давра барои аз ташхис гузаштан 433 лоиҳаҳои сохтмон пешниҳод шуда, танҳо 377-тои онҳо муваффақона аз ташхис гузаштанд».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...